spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Шаби 1-уму 2-май: гуфтушунидҳо то соати 3-и субҳ ва назари Ятимов

Дар вилояти Бодканд нишасти ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди таъину аломатгузории марз давлатии ду кишвар баргузор гардид.

Ҳайатро аз ҳарду тараф роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев роҳбарӣ карданд. Тибқи иттилои расонаҳо, музокирот шоми дирӯз оғоз ёфта, соати 3-и субҳи имрӯз ба поён расид.

Ҷонибҳо ба эътидол овардани  вазъ дар минтақаҳои наздимарзиро баррасӣ карданд.

Тавофуқоте барои шиддат бахшидани тавзеҳи бештар дар маврриди таъини хатти лоиҳавии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатӣ ҳосил шуд

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматӣ Протоколи муштарак ба имзо расид. Аммо, ҷузъиёти протокол то ҳол ошкор нашудааст.

МЕДИА (IFRAME)

Дар ҳамин ҳол, Ҳалимҷон Ҷӯраев хабарнигори "Азия-Плюс", ки аз рӯзи 29-ум дар нуқтаҳои даргирӣ қарор дорад, мегӯяд, ки Саймумт Ятимов раиси КДАМ Тоҷикистон, Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд ва Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ба Ворух омада бо мардум мулоқт мекунанд.

Саймумин Ятимов баъд аз анҷоми мулоқот дар суҳбати ҳузурӣ ва бидуни сабт ба хабарнигорон гуфт: "Ҳадафи асосии мо даъвати мардум ба ҳамзистии осоишта аст. Ҳар чӣ буд, гузашт. Феълан бояд талош кунем, ки мардум дар осоиш ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд. Феълан мо тамоми нерӯҳои низомиро аз марзҳо бозхонд кардем. Низоъи мусаллаҳ дар марз хотима ёфт. Акнун кӯшиш мекунем, ки бандҳои созишнома зина ба зина иҷро шавад ва масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон хотима ёбад".

Бояд гуфт, ки даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел бар сари истифода аз як маркази тақисми об зад, ки ду тараф сари он даъво доранд ва аз они худ мешуморанд. Тоҷикон хостанд, дар ин ҷо дурбини назоратӣ насб кунанд, вале қирғизҳо монеъ шуданд ин аз як баҳси сокинон ва ба даргириҳои мусаллаҳона кашид.

Ҳоло тибқи тавофуқоти ҳоислшуда ду тараф неруҳои худро аз маҳалли даргириҳое, ки сурат гирифта буд, ба берун мекашанд.

Нашри зинда ва лаҳза ба лаҳзаи рӯйдодҳо дар марзро аз ин саҳфаи вижаи "Азия-Плюс" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...