Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
“Толибон” тақрибан тамоми манотиқи марзӣ бо Тоҷикистонро тасарруф карданд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Толибон” тақрибан тамоми манотиқи марзӣ бо Тоҷикистонро тасарруф карданд

7
7

“Ҳанӯз як моҳ пеш намояндагони “Толибон” ба ғасби қитъаҳои сарҳади давлатӣ аз самти Афғонистон оғоз намуданд. <…> То аввали моҳи июл онҳо аллакай 700 км-ро зери назорат гирифтанд. Вақти ба Тоҷикистон омадани мо сарҳади давлатӣ қариб пурра зери назорати онҳост, ҳамин қитъа бо Тоҷикистон – 1344 км”, – хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба сардори Ситоди муттаҳидаи СААД Анатолий Сидоров.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Анатолий Сидоров

Ба гуфтаи ӯ, ҳаракати “Толибон” дар қитъаҳои иҳғолшудаи сарҳад бо Тоҷикистон постгоҳҳо гузоштаанд.

“Имрӯз мо дидем, ки дар он самт постгоҳҳои толибон гузошта шудааст. Ба ҳар ҳол, ҳозир аз ҷониби музофотҳои шимолии Афғонистон ҳеҷ таҳдиде ба назар намерасад. Илова бар ин, онҳо ҳама гуна постгоҳҳои назоратӣ ва посбонӣ гузоштаанд. Ҳамаи онҳо бо байрақи сафед ишора шуда, бемалол дида мешаванд, лекин онҳо тамоман пинҳон намешаванд. Зоҳиран дар он тараф вазъият ба таври кофӣ амну осоишта аст”, – иброз доштааст вай.

Сидоров зикр кардааст, ки имрӯз ба Тоҷикистон кумаки техникӣ лозим аст, лекин барои сафарбарии неруҳои дастаҷамъонаи СААД ҷиҳати ҳифзу посбонии сарҳад бо Афғонистон зарурате нест.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон бар пайи вазъи Афғонистон аз СПАД хостори ёрӣ шуд

“Бо назардошти гуфтушунидҳо бо раҳбарияти сохторҳои давлатӣ ва омӯзиши вазъият, мо ба хулоса расидем, ки афзоиши шумори ҳайати шахсӣ аз ҳисоби дигар кишврҳои Созмон айни замон лозим нест”, – гуфтааст вай.

Ба гуфтаи Сидоров, “душвориҳои муайяне ҳастанд” ва шояд расонидани кумаки моддӣ-техникӣ зарур бошад.

Дар сурати зарурат бо қарори сарони кишварҳои Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ мо ба истифодаи ин неруҳо омодаем. Лекин алҳол ман шахсан бар ин назарам, ки набояд то ба чунин амалҳои бузургмиқёс расад. Ба ҳар ҳол, тадбирҳои ҳозир дар ҳамин ҷо андешидашуда баҳри ба эътидол овардани вазъият ва ба маҷрои осоишта баргаштани он мусоидат мекунанд”, – таъкид доштааст вай.

Анатолий Сидоров изҳор доштааст, ки Тоҷикистон сарҳадро бо Афғонистон қатъӣ ва дилпурона ҳимоя мекунад.

“Имрӯз онҳо (сохторҳои қудратии Тоҷикистон) худашон ба таври кофӣ мустақилона вазъиятро дар ҳамон долонаи зарурӣ босубот нигоҳ медоранд”, – маълумот дод номбурда.

Ба ақидаи Сидоров, вазъияте, ки дар марзи байни Тоҷикистону Афғонистон ба вуҷуд омадааст, муваффақона ҳал хоҳад шуд.

“Зимни боздид аз Тоҷикистон ва вохӯриву гуфтугӯҳо, омӯзиши бисёр мавод ман пешгӯйии ба таври кофӣ хушбинона ва эътимоди пурра дорам, ки ҳамааш хуб мешавад. Лекин ҳушёриро аз даст додан лозим нест. Сарҳади худро марзбонони тоҷик дар сатҳи хуб муҳофизат мекунанд”, – илова кардааст Сидоров.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон бевосита дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон гурезаҳо нестанд, лекин барои ташкили марказҳои кумаки башардӯстона омода мебояд буд.

“Айни замон боз таъкид месозам, ки дар ин ё он ноҳия ташкили марказҳои ёрии башардӯстона, марказҳои будубоши муваққатии гурезаҳо ва ғайра зарур нест, чунки айни замон гурезаҳо нестанд”, – гуфт Сидоров.

Лекин, ба ақидаи вай, ин кор сурат гирифтанаш имкон дорад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Нахустин видеои гурезаҳои иҷбории Афғонистон дар Хоруғ

“Зеро ҳозир мо бо бовари сад дар сад гуфта наметавонем, ки минбаъд рӯйдодҳо чӣ гуна сурат мегиранд. Аз ин рӯ, барои ташкили чунин марказу нуқтаҳо бояд омода бошем ва онҳо бояд аз лиҳози моддӣ пурра таъмин ва маъмурияту ҳайати кориашон таъин шуда бошанд”, – зикр кард Сидоров.

Сардори Ситоди муттаҳида гуфтааст, чунин омодагӣ имкон медиҳад, ки дар соатҳои башумор фаъолияти чунин марказҳо ба роҳ монда шавад.

“Дар ин ҳолатҳо ба Тоҷикистон кумак лозим аст. Дар боқимонда масъалаҳо онҳо худашон хеле дилпуронаву қотеъона амал карда метавонанд. Онҳо сарҳади худро дар қулфи хеле хуб нигоҳ медоранд”, – илова намудааст сардори ситод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...