Рӯзҳои 13-14 июли соли равон 347 нафар шаҳрвандони қирғизтабори Афғонистон, аз ҷумла 91 мард, 77 зан, 177 ноболиғ (64 писар, 113 духтар) барои ҳифзи ҷони худ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳаракати «Толибон», хати сарҳади давлатиро дар минтақаи ҷамоати деҳоти «Кизил-Работ»-и ноҳияи Мурғоб убур намуда, вориди Тоҷикистон шуданд.
Ҳамаи онҳо сокинони деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон мебошанд. Ҳангоми гузаштан аз сарҳади давлатӣ 2 нафар ноболиғи то 2 сола фавтиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон.
“Сарҳадбонони тоҷик бо риояи принсипи инсондӯстӣ ва робитаи неки ҳамсоягӣ ба гурезагони иҷбории афғон барои воридшавӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд”, – омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, айни замон гурезагони афғон дар мавзеъҳои Чоштеппа ва Дуютуки ҷамоати деҳоти Қизил-работи ноҳияи Мурғоб қарор доранд.
Зимнан зикр мегардад, ки зимни ворид гаштани гурезагон ба марзҳои Тоҷикистон аз шаҳрвандони Афғонистон беш аз 3.5 кг маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид.
Қаблан Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ аз шумори дигари гурезагони қирғизтабори Афғонистон хабар дода буд. Зикр гардида буд, ки сарҳадро 77 нафар, аз ҷумла 26 мард, 20 зан ва 31 хурдсол убур намуда, чорвои хонагии худро, аз ҷумла 1000 сар чорвои майдаи шохдор, 300 сар қутос, 3 сар шутур ва 30 сар аспро низ бо худ овардаанд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки ба ҷуз қирғизҳои бумии Афғонистон, ки рӯзи 13-14-уми сарҳадро гузаштанд, дигар ҳамаи фирориён дубора ба Афғонистон баргаштанд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, аксари фирориён низомиёне буданд, ки аз ноҳияҳои марзии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ оварданд ки шумораи онҳо бештар аз 1000 нафар буд. Ин фирориёнро давлати Афғонистон тавассути чархбол аз фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ба ҳудуди Афғонистон баргардонидааст.
То ин дам ба “Азия-Плюс” муяссар намешавад, ки аз Қӯшунҳои сарҳадӣ шарҳи расмӣ бигирад. Дар хадамоти матбуоти ин ҷо изҳор мекунанд, ки тамоми маълумоти зарурӣ дар сомонаи АМИТ “Ховар” нашр шуда, дигар ВАО аз ҳамин торнамо дастрас карда метавонанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



