Дар пасманзари шиддат ёфтани вазъият дар Афғонистон пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон силоҳҳои нав – "Верба", автомати Калашников, милтиқҳои мерганӣ (снайперӣ)-и муосир ва аслиҳаи алангафакан (огнемёт)-ҳо гирифт.
“Пойгоҳи низомии 201-уми Русия бо автоматҳои навтарини Калашников АК-12, таппончаҳои Яригин ба ивази таппончаҳои Макаров, милтиқҳои муосири мергании милаш калони АСВК-М, дастгоҳҳои алангаафкани партоб ба масофаҳои дур ва дастгоҳҳои сайёри мудофиаи ҳавоии “Верба” таъмин шуд”, – хабар дод рӯзи сешанбе хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия.
"Ҳамаи ин силоҳу муҳимотро ҷузъу томҳои Русия ҳангоми машқҳои муштарак бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар пасманзари нооромии вазъи Афғонистон сурат гирифтаанд, истифода карданд", – гуфта мешавад дар хабар.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



