Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Дар Мурғоб гургон ба галаи қутосҳо ҳамла карданд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Мурғоб гургон ба галаи қутосҳо ҳамла карданд

15
15

Дар Мурғоб гургон ба галаи қутосҳо ҳамла карда, чӯпонҳо худро муҳофизат карда наметавонанд. Онҳо аз мақомот дархост мекунанд, ки барояшон ба истифодаи силоҳ ҳадди ақал дар мавсими зимистон иҷоза дода шавад.

Чанд рӯз пеш гургон қутоси вазнаш ҳудуди 400 килоро, ки ба сокини деҳаи Аличур Қодирбой тааллуқ дошт, нобуд кардаанд.

"Галаам аз деҳа дур аст, бо ҳамсарам зиндагӣ мекунам, дар наздикиҳо каси дигаре нест", – мегӯяд чорводор. – Шароити мо хеле вазнин аст. Бо ин сабаб, гургон на танҳо шабона, ҳатто рӯзона ҳам ба рама ҳамла мекунанд. Ба назорати ин ҳама ман фурсат надорам, зеро ба ҷуз қутосҳо чорвои хурд ҳам дорам. Чорво қариб ҳар рӯз нобуд шуда, аз дасти ман ҳеҷ коре намеояд".

Ба гуфтаи Қодирбой, ӯ пештар силоҳи шикорӣ дошта, он қонунӣ ва ҳама ҳуҷҷатҳояш дуруст буданд.

Имсол бошад, силоҳи онҳоро гирифтанд, вале шарҳ надоданд, ки бо кадом сабаб. Гуфтанд, ки аз боло фармон ҳаст.

“Ман шикор намекардам, силоҳ барои тарсонидани гургон лозим буд. Акнун он нест ва намедонам, ки гургонро бо чӣ ронам. Аз ин рӯ, боисрор аз ҳукумат дархост мекунем, ки барои истифодаи силоҳи шикорӣ ба мо иҷоза диҳанд. Агар галаи гургон ҳамла кунад, чорво як тараф, мо ҳатто худро муҳофизат карда наметавонем”, – изҳор дошт Қодирбой.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гург қутоси калонро нобуд кард

Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба синни 21-солагӣ расидаанд, пас аз гирифтани иҷоза барои харидории навъи мушаххаси силоҳ дар мақомоти корҳои дохилии маҳалли зист, ба дастрас намудани силоҳи худмуҳофизатӣ, варзишӣ, шикорӣ ва бонгдиҳӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд. Ин ба ҷӯпонҳо ҳам дахл дорад.

Қутосҳо ва гургон

Дар Тоҷикистон саршумори аз ҳама зиёди қутосҳо дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ парвариш мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳамлаи гургон ба одамон дар Бадахшон. Сокинон шикори гургро оғоз кардаанд

Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзии ВМКБ, соли 2020 саршумори умумии қутосҳо дар қаламрави вилоят ҳудуди 25 ҳазор сарро ташкил медод, ки 20 ҳазор сари он дар Мурғоб мавҷуд аст.

Қутосҳоро дар ин ҷо барои истеҳсоли гӯшт, шир ва пашм парвариш мекунанд. Дар бозори марказии шаҳри Хоруғ як кило гӯшти қутос 45 сомонӣ нарх дорад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти оморӣ, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ саршумори гургон дар Тоҷикистон зиёда аз ҳашт баробар афзудааст: ахиран онҳо на танҳо ба чорво, балки ба одамон низ ҳамла мекунанд.

Соли 2019 галаи гургон ба ду зани сокини ноҳияи Шуғнон ҳамла карда, занон аз ҷароҳатҳои гирифта ҳалок шуданд. Моҳи январи соли 2020 дар ҳамин ноҳия гургон ба кӯдаки панҷсола ва як мард ҳамла карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...