spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

ВАО: “Толибон эълон кардаанд, ки барои ҳуҷум ба Тоҷикистон омодаанд”

 “Толибон эълон кардаанд, ки барои ҳуҷум ба Тоҷикистон омодаанд”, – бо ҳамин сарлавҳа ВАО-и Русия хабари шабакаи телеграмми Reverse side of the medal-ро нашр кардаанд, ки дар он гуфта мешавад, роҳбари гуруҳи тундгарои фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” Маҳдӣ Арсалан дар бораи омодагӣ барои ҳуҷум ба Тоҷикистон изҳори назар кардааст.

Нашрияҳои Русия хабар медиҳанд, ки Маҳдӣ ва ҷангиёни ӯ толибони тоҷик буда, якчанд қаламрави Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияҳои Дарвози ВМКБ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҳамсарҳаданд, зери назорат доранд.

“Ҷамоати Ансоруллоҳ” гурӯҳи ҷудогона аз ҳисоби шаҳрвандони тоҷик мебошад, ки қаблан ба ҳайати Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (созмони террористӣ эътироф шуда, фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъ аст) шомил буд.

Бино ба маълуоти Радиои Озодӣ, гурӯҳи “Ансоруллоҳ”, ки акнун мақомоти афғон ва мардуми маҳаллӣ аз онҳо “Толибони тоҷикӣ” ном мебаранд, аз ҷониби Амриддин Табаров (мулло Амриддин), як фармондеҳи пешини Иттиҳоди мухолифони тоҷик пас аз ҷанги шаҳрвандии соли 1992-97 таъсис ёфт.

Дар аввал ба ин созмон шахсоне ҷамъ омаданд, ки созишномаи сулҳи ҳукумат ва мухолифонро дар Тоҷикистон напазируфтанд. Ҳоло сафи онро насли дуюм ва аксаран пайвандони насли аввали “Ансоруллоҳ” ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, Маҳдӣ Арсалон (дар асл Муҳаммад Шарипов)-ро аз “насли дуюм” медонанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маҳдӣ Арсалон (Муҳаммад Шарипов)

Ин даста дар солҳои гуногун дар Афғонистон ва Покистон бо Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, Ҷунбиши Исломии Туркистон, "Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ", "Ҷундулхалифа", Ал-Қоида ва Толибон ҳамкорӣ кард. Соли 2019 ду писари асосгузори “Ансоруллоҳ” дар Афғонистон аз сӯи низомиёни амрикоӣ боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд. Бино бар хабарҳо, Табаров дар соли 2016 кушта шудааст.

Пас аз ӯ ҳаракатро Муҳаммад Шарипови 25-сола, зодаи деҳаи Шербегиёни водии Рашт, ки ҳозир бо ном Маҳдӣ Арсалон маъруф аст, ба роҳбарӣ гирифт. Маҳдӣ Арсалон шахсест, ки Толибон идораи панҷ улусволии марзии Афғонистон: Куф, Шикай, Нусай, Моҳимай ва Хоҳонро ба ӯ супурдаанд. Ин минтақаҳоро аз Дарвози Тоҷикистон танҳо рӯди Ому ҷудо мекунад.

Коршинос: “Ҳуҷум гуфтан хеле зиёдаравӣ аст”

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Неруҳои муқовимати Афғонистон Тоҷикистонро ба иқдомҳои қотеъона даъват карданд

Дар ҳамин ҳол, коршиноси масоили динӣ Рустам Азизӣ, шубҳа дорад, ки “Ансоруллоҳ” ҳозир ба Тоҷикистон ҳуҷум мекунад, зеро захираҳои кофӣ надошта, толибон ҳам ҳоло онҳоро мусаллаҳ намекунанд.

“Дарвоқеъ он чизе, ки расонаҳои гуногун менависанд, ки “Ансоруллоҳ” ҷиноҳи тоҷикии “Толибон мебошад, иштибоҳ аст. Толибон ҷиноҳи тоҷикӣ доранд, аммо ин гурӯҳҳои комилан гуногунанд”, – иброз дошт коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар асл ба ДОИШ байъат карда, бо толибон онҳоро баъзан манфиатҳои умумӣ мепайвандад.

“Албатта, дар маҷмӯъ хатари ҳуҷуми ин гурӯҳ барои мо вуҷуд дорад, аммо ҳоло не. Ҳоло онҳо метавонанд баъзе кӯшишҳо кунанд, лекин он танҳо барои дарёфти маълумот хоҳад буд, аммо "ҳуҷум мекунанд" гуфтан хеле зиёдаравӣ аст”, – чунин мешуморад коршинос.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...