Дар Тоҷикистон нақшаи тирамоҳии даъват ба хидмати ҳарбӣ 83, 1 дар сад иҷро шудааст. Дар ин бораи хабаргузории давлатии "Ховар" бо такя ба маркази матбуоти вазорати дифоъ хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, имсол қабл аз ҳама нақшаи даъватро Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе комилан иҷро кардаанд.
То кунун бештар аз 30 шаҳру ноҳияи кишвар аз иҷрои нақшаи даъват хабар додаанд.
Ҳоло иҷрои нақша дар сатҳи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ наздик ба 96%, дар вилояти Суғд 77,3% ва дар вилояти Хатлон 75%-ро ташкил медиҳад.
Маросими даъват ба артиш 1-уми октябри имсол оғоз шуд ва то поёни моҳи ноябр давом мекунад. Ба хидмат дар Тоҷикистон шаҳварндони марди аз 18 то 27-сола даъват мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.