Алишер Мирзонабот баъди зуҳри имрӯз бо 25 нафар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намондагони эътирозгарони Хоруғ мулоқотро оғоз кард, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз дастгоҳи раиси ВМКБ.
Ба гуфтаи ӯ, гуфтушунид аллакай якуним соат шуд идома дорад ва аз натиҷааш хабар хоҳанд дод.
«Ҳамроҳи раиси вилоят, вазири энергетика Ҷумъазода Далер Шофақир ва вакили Маҷлиси намояндагон Гиёзода Азиз Қодир дар ин гуфтушунид иштирок доранд ва ба онҳо талаботҳои худро барои тарки майдон пешниҳод хоҳанд кард”, – афзуд манбаъ.
Ӯ таъкид кард, айни замон вобаста ба қазияи қатли Гулбиддин Зиёбеков бо супориши раиси вилоят комиссия оиди барраси музокироти мазкур аз ҳисоби аъзоёни ҳукумтаи вилоят ва судэкспертҳо аз пойтахт даъват гардида, ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардидаанд, то ҳодисаро тафтиш намоянд.
«Айни замон роҳҳои шаҳри Хоруғ боз буда, аз рӯзи душанбе мардум ба кор, хонандагону донишҷӯён ба дарс мераванд ва бозорҳо ба фаъоляит оғоз хоҳанд кард”, – илова намуданд аз дастгоҳи раиси вилоят.
Тазоҳуротгарон: “Мо талаб мекунем низомиён бароварда шаванд”
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи манобеи “Азия – Плюс”, дар чаҳорчубаи ин музокирот масъалаи таҳқиқи муштараки тирпарронӣ дар ҷараёни гирдиҳамоӣ, ки боиси кушта шудани ду нафар шуд, низ баррасӣ хоҳад шуд.
“Музокирот таҳти роҳбарии сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд Абдулло Навҷавонов ҷараён гирифта, аз тарафи мардуми дар майдонбуда беш аз 40 нафар интихоб шудаанд то дар гуфтугӯҳо ширкат кунанд”, – хабар дод манбаи мо.
Манбаи «Азия-Плюс» аз шумори иштирокчиёни гуфтушунид мегӯяд, талаб мекунанд, ки низомиён аз шаҳри Хоруғ хоҳанд бароварда шаванд.
“Мо ҳамчунин, талаб хоҳем кард, сарбозоне ки аз кӯҳҳо шаҳрро иҳота кардаанд, бардошта шаванд ва масъалаи ҳузури низомиён дар шаҳр баррасӣ шавад. Онҳо аз соли 2018 инҷониб дар Хоруғ дар се пост ё мавқеъ қарор доранд. Бигзор намояндагони БДА бошанд, вале низомиён бояд постҳоро тарк кунанд. Ҳузури онҳо ташаннуҷро ба вуҷуд меорад”, – мегӯяд ин аъзои кумитаи музокира.
Ҳамлагарон ба намояндагони мақомот ба ҷавобгарӣ кашида нашаванд
Манбаъ зикр кард, ки масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидин афроде, ки ба кормандони пулис ва ҳукумати вилоят ҳамла карданд, баррасӣ нахоҳад шуд.
“Ҳамааш аз онҳо – милисаҳо оғоз шуд. Онҳо ҷавонро кушта норозигӣ ба вуҷуд оварданд ва аз ҷониби онҳо низ ба сӯйи эътирозгарон оташ кушода шуд”, – таъкид кард манбаи мо.
Ӯ дар мавриди сангандозӣ ба раиси вилоят мегӯяд, бо эътирозгарон дар мавриди рух надодани ягон иғво созиш ҳосил шуда буд, аммо чанд ҷавони ниқобпӯш сангандозӣ карданд.
“Аммо вақте баромад кард, чанд ҷавони ниқобпӯш ба сангпартоӣ шурӯъ карданд. Мо дар паҳлӯяш будем, моро ҳам сангборон карданд. Ҷанҷол сар зад, баъзеҳо хостанд раисро дубора боз ба назди эътирозгарон баранд. На танҳо ӯ, балки ҳамроҳонаш низ захмӣ шуданд. Ман ҳам захм бардоштам”, – мегӯяд манбаи мо
Имрӯз, 28 ноябри дар майдони марказии Хоруғ гирдиҳамоӣ идома дорад ва эътирозгарон пароканда нашудаанд. Онҳо шаби гузашта ҳам дар майдон буданд ва ҳеҷ ҳодисаи ғайричашмдошт рух надодааст.
Оғози ҳодиса
Ёдовар мешавем, ки рӯзи чаҳорум аст, ки садҳо нафар дар майдони марказии шаҳри Хоруғ ҷамъ шуда, хоҳони таҳқиқи одилонаи қазияи марги як сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ҳастанд.
Гуфта мешавад, ки Зиёбеков дар амалиёти мақомот кушта шуд. Додситони ВМКБ амалиёти боздошти Зиёбековро тасдиқ кард ва гуфт ӯ муқобилият нишон дод ва захмӣ шуд. Сокинон ба ин фарзия бовар надоранд ва иддао мекунанд, ки ӯ барқасдона кушта шудааст.
Прокуратураи вилоят хабар дод, ки Зиёбеков мувофиқи се моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ дар кофтукови расмӣ қарор дошт. Зиёбековро бо он гунаҳкор мекарданд, ки ӯ ҳамроҳ бо ҳамдастаҳояш (ки аз онҳо дар хабарҳои расмӣ ном бурда нашудааст) 1 феврали соли 2020 ёвари додситони ноҳияи Роштқалъаро гаравгон гирифта, муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Ба гуфтаи сокинон, сабаби ҷанҷоли Зиёбеков бо ёвари прокурор, хоҳиши муомиомилаи маҳрамонаи дуюмӣ бо яке аз наздикони ӯ аст.
Дар муддати чор рӯзи тазоҳурот ҳадди ақал ду маротиба миёни тазоҳуротагрон ва мақомот муноқиша сар зад. Бори аввал 25 ноябр дар рӯзи авввали гирдиҳамоӣ дар назди бинои ҳукумати Хоруғ ва маротибаи дуюм дирӯз, 27 ноябр замоне ки раиси вилоят Алишер Мирзонабот баъди баромад дар назди эътирозгарон ба бинои ҳукумат бармегашт.
Сокинон аз ҳалоктаи се нафар ва захми шудани қариб даҳ тан хабар медиҳанд. Вале мақомот дар мавриди ҳалокат ва захмӣ шудани эътирозгарон чизе нагуфтанд.
Танҳо дар як муроҷиатнома гуфтанд, панҷ корманди ниҳодҳои қудратӣ дар муноқиша захмдор шуданд. Ба ғайр аз ин додситонии Бадахшон шоми 27 ноябр гуфт, вакили парлумон Азиз Гиёзода баъди сангпартоӣ аз тарафи эътирозгарон захмӣ шудааст.
Додситони вилоят Парвиз Орифзода дирӯз аз мардум хост ба эътирози ғайриқонунӣ хотима бахшанд, чунки ҳар як амали ғайриқонунӣ ҷавобгарӣ дорад.