spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Чоркӯҳ боз даргирӣ: як омӯзгорро ба ҷониби Қирғизистон бурдаанду лату кӯб кардаанд

Бар пояи хабарҳои расида субҳи 1-уми декабр як омӯзгори мактаб дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи ҳаммарз бо Қирғизистон рабуда шудаву бегоҳии ҳамин рӯз бо осори лату кӯб дар беморхонаи шаҳри Исфара бистарӣ шудааст. Расонаҳои қирғизӣ низ аз боздошт шудани як шаҳрванди Қирғизистон дар марзи Тоҷикистон навишта мегӯянд, ки ӯ раҳо шудаву дар беморхона бистарӣ шудааст. 

Сокинони ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз омӯзгори рабудашуда Камолиддин Собирови 59-сола, муовини мудири мактаби рақами 64-и деҳаи Сомониён ном мебаранд. Ба гуфтаи онҳо сабаби рабуда шудани омӯзгор маълум нест, вале дар ин ҳодиса сокинони маҳаллаи қирғизнишини ҳаммарзро айбдор мекунанд.

Як сокини ҷамоати Чоркӯҳ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт омӯзгорро сокинони маҳаллии деҳаи Куктоши вилояти Бодканд соати тақрибан 10:00-и рӯзи 1-уми декабр рабуда, соати тахқрибан 17:00 раҳо кардаанд. Манбаъ афзуд “то ҷое, ки фаҳмидем омӯзгорро боздошт карда, ба ҳавлие бурда, баъдан дар оғилхонае латукӯб кардаанд”.

Як нафар духтури ёрии таъҷилии ҷамоати Чоркӯҳ латукӯб шудани Камолиддин Собировро таъйид кард ва гуфт баъди кӯмаки аввалияи тиббӣ ба Беморхонаи марказии шаҳри Исфара интиқол додаанд.

“Асосан қабурғаҳояшон лат хӯрда, сару рӯяшон осеб дидааст. Баъди кӯмаки аввалияи тиббӣ ба шуъбаи травматологияи беморхонаи марказии шаҳр бурда бистарӣ карданд”, -гуфт, духтури ёрии аввалии тиббӣ, ки нахост аз ӯ ном барем.

Субҳи рӯзи 2-юми декабр, як манбаъ аз Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ба “Азия-Плюс” гуфт, Собиров то кунун дар шуъбаи осебшиносӣ бо осеби мағзи сар бистарӣ аст. Ин манбаъ гуфт, ки мағзи сари омӯзгор аз зарбаи санг осеб дидааст, вале ҳолаташ муътадил арзёбӣ мешавад.  

ИЗОБРАЖЕНИЕ Asia-Plus

Як масъули ҷамоати Чоркӯҳ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, сокинони деҳаи Куктоши Қирғизистон Камолиддин Собировро ғайриқонунӣ  дар роҳи Куктош-Сомониён боздошт ва латукӯб кардаанд. Ин манбаъ, ки нахост аз ӯ ном барем гуфт, он рӯз як сокини мулкии Қирғизистон низ дар марзи Тоҷикистон боздошт ва баъдан раҳо карда шудааст.

“Шаҳрванди мо роҳгузар буд, аз роҳи оммавие, ки ҳам тоҷикон ва қирғизҳо истифода мебаранд вақти гаштугузор ғайриқонунӣ аз сӯйи сокинони деҳаи қирғизнишин боздошт шудаанд. Аммо як шаҳрванди Қирғизистон, ки дар марзи Тоҷикистон боздошт шуд ба ҳудуди деҳаи Сомониён дохил шуда “разведка” кардааст”,-мегӯяд манбаъ.

Манбаъ гуфт баъди гуфтушуниди ҷонибҳо ду шаҳрванди боздоштшудаи деҳаҳои марзӣ раҳо шудаанд. Вале шаби 1-уми декабр тақрибан соатҳои 21:00 аз сӯйи марзи Қирғизистон чанд садои тиркушоӣ аз милтиқи шикориро мушоҳида кардаанд. Ин масъули ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, баъди ҳодисаи боздошти шаҳрвандон раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва ҳамтои қирғизии ӯ нимашаби 1 ба 2-уми декабр дар яке аз деҳаҳои марзӣ мулоқот карда ба созиш расиданд, ки дар роҳи деҳаҳои Сомониён-Куктош “назоратчиёни низомӣ (потрул) ташкил ва амнияти ҳаракат дар роҳро таъмин мекунанд”.

Мақомоти расмии Тоҷикистон аз ин ҳодиса хабар надодаанд, вале расонаҳои қирғизӣ ба нақл аз нерӯҳои марзбонии ин кишвар аз латукӯб шудани як шаҳрванди Қирғизистон дар марзи Тоҷикистон гузориш медиҳад. Хадамоти марзбонии Қирғизистон шаби якуми декабр дар бораи тирандозӣ дар марз бо Тоҷикистон низ хабар дода гуфтааст “шахсони номаълум аз самти Тоҷикистон аз туфанги шикорӣ 7-8 тир холӣ карданд”.

Деҳаи Сомониёни Исфара охири моҳи апрели имсол шоҳиди задухӯрди мусаллаҳона буд ва дар ин ҳодиса даҳҳо хонаҳои мардум оташ задаву вайрон ва чанд тан аз сокинон захмиву кушта шуданд. Аз ин ҳодисаи хунин дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон шаш моҳ гузашт, ҳарчанд вазъ ором аст, вале ҳамоно сари чанд вақт аз боздошти шаҳрвандону чорвои онҳо ва латукӯби сокинон хабарҳо расонаӣ мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...