spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тоҷикистон амволи пойгоҳи низомии 201-умро аз Русия мегирад

Ҳукумати Русия бинову иншооти шаҳраки низомӣ ва машқгоҳи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Кӯлобу Муъминободро ба Тоҷикистон месупорад. Ин иқдом баъди берун шудани сарбозони рус аз ин пойгоҳҳо рӯи даст гирифта шуд. Вакилони парлумон қарори супоридани амволро имрӯз, 15 декабр дар ҷаласаи парлумон қабул карданд.

Эмомалӣ Собирзода, муовини якуми вазири дифои Тоҷикистон дар ҳузури вакилон, дар шарҳи созишноми Тоҷикистону Русия дар мавриди супоридани амволи ғайриманқули пойгоҳи ҳарбии Русия гуфт, амвол аз иншооти гуногун, аз қабили хобгоҳу хонаҳои истиқоматӣ, амбори нигоҳдории маводи ақибгоҳӣ, нуқтаи тиббӣ, зеристгоҳи барқӣ, қитаъҳои замин ва дигар инфрасотхтори марбутаи низомӣ иборат аст.

Гуфта мешавад, ки барои қабули амвол комиссияи муштарак таъсис мешавад.

– Як қисми амволи ғайриманқули пойгоҳ замони будубоши афсарони ин пойгоҳ дар Кӯлоб сохта шудаанд ва қисми дигар моликияти худи Тоҷикистон аст, пурра ба Тоҷикистон дар ҳолати воқеӣ баргардонида мешавад. Амволи озодгардида ба қисму воҳидҳои ҳарбии Вазорати дифои Тоҷикистон дода мешавад,- гуфт муовини якуми вазири дифоъ.

Эмомалӣ Собирзода дар бораи шумора ва ҳаҷми амволи мазкур аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ кард.

Вале дар санади бозпас гирифтани амволи ғайриманқул ки ҳукумати Тоҷикистон моҳи июни соли равон дар пойгоҳи маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр намуд, гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ ҳукумати Тоҷикистон 103 бинову иншооти воқеъ дар қаламрави шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Муъминободро ба ихтиёри худ мегирад.

Майдони умумии ин бинову иншоот дар қаламрави шаҳри Кӯлоб ҳудуди 40 метри мураббаъ ва майдони умумии шаҳраки ҳарбӣ ва машқгоҳ дар ноҳияи Муъминобод – 650 километри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки Русия ҳанӯз соли 2016 полки 149-уми сайёри тирандози пойгоҳи низомии 201-умро аз Хатлон бароварда, онро ба Душанбе ва машқгоҳи Лоҳур дар ноҳияи Рӯдакӣ кӯчонид.

Қобили зикр аст, ки замони будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия, дар Тоҷикистон  соли 2014 ба поён мерасид. Дар соли 2012 роҳбарони ду давлат ба созишномае имзо гузоштанд, ки замони будубоши пойгоҳи 201-ро то соли 2042 тамдид мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...