spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар қарордодҳои нави ҳарбии Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ пешбинӣ шудааст?

Парлумони Тоҷикистон охири моҳи декабр се созишномаи ҳамкориро байни Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тасдиқ кард.

Матни созишномаҳое, ки моҳи июни соли 2021 зимни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ба имзо расиданд, дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст. Дар қарордодҳо дар бораи чӣ сухан меравад?

Табодули маълумот дар бораи терроистон ва ифротгароён

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз душмани дирӯз то шарики низомии имрӯз: порлумон се созишномаи низомӣ бо Ӯзбекистонро тасвиб кард

Вазоратҳои мудофиаи ҳар ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаи разведка (иктишоф)-и ҳарбӣ созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расониданд.

Дар санад мубодилаи мутақобилаи иттилооти иктишофӣ оид ба гуруҳҳои террористӣ ва динӣ-ифротгароӣ, аз ҷумла маълумот доир ба сохторҳо, маълумоти дақиқ дар бораи роҳбарон, аъзо ва шарикон, силоҳ, маҳалҳои ҷойгиршавӣ, сарпарастон, марказҳои тайёрнамоии онҳо пешбинӣ шудааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба тавофуқ расиданд, ки дар мавриди афзоиши кӯшишҳо, шакл ва усулҳои гузаронидани амалҳои идеологӣ, равонӣ ва дигар амалҳои ташкилотҳои  террористӣ ва экстремистии динӣ, ки бар зидди соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии давлатҳо ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ равона гардидаанд, ҳамдигарро огоҳ мекунанд.

Дар ҳуҷҷат баргузории чорабиниҳои муштараки омодагии ҳарбӣ барои хизматчиёни ҳарбии воҳидҳои иктишофи ҳарбӣ ва иктишофи махсус зикр шудааст.

Дифои зиддиҳавоӣ

Вазоратҳои мудофиаи кишварҳо дар бораи ҳамкорӣ дар бахши дифои зиддиҳавоӣ низ созишнома ба имзо расониданд, ки самтҳои асосии ҳамкории мутақобила дар он инҳоянд:

– мубодилаи иттилоот оид ба вазъияти фазои ҳавоӣ;

– расонидани ёрӣ ба ҳавопаймоҳое, ки ба фалокат дучор шудаанд;

– мубодилаи таҷриба дар доираи сохтмони ҳарбӣ дар соҳаи авиатсия ва мудофиаи зиддиҳавоӣ;

– тайёрии муштараки қӯшунҳо ва мақомоти идоракунии ҳарбӣ;

– тайёр намудани кадрҳо дар соҳаи авиатсия ва мудофиаи зиддиҳавоӣ.

Ҳолатҳои рафънопазир

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тамринҳои муштараки низомии Тоҷикистону Ӯзбекистон анҷом ёфт

Ғайр аз ин, ҳукуматҳои ҳар ду кишвар доир ба истифодабарии фазои ҳавоӣ ва аэродромҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои авиатсияи давлатӣ ҳангоми ҳолатҳои рафънопазир (форс-мажор) низ созишнома ба тавсиб расониданд.

Мувофиқи ин санад, дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои рафънопазир (ғайриинтизор) ва фалокатҳо, ҳайати сарнишинон ба дархости убури кӯтоҳмуддати фазои ҳавоии кишвари қабулкунанда ва дар сурати зарурат ба нишастан дар аэродром ҳуқуқ дорад.

Созишнома ба муҳлати панҷ сол баста шуда, баъди ба охир расидани ин муҳлат, ба таври автоматӣ ба давраи солҳои минбаъда дароз мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...