spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар марз дидору гуфтушунид кардаанд

Дар нуқтаии марзи Исфараи вилояти Суғд ва ноҳияи Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот кардаанд. Ин мулоқот рӯзи якшанбеи 23-уми январ доир шуда, ҳайати Тоҷикистонро раиси шаҳри  Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода  ва Қирғизистонро раиси вилояти Бодканд Учқунбек Ҷоробоев раҳбарӣ карданд.

Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи раиси шаҳри Исфара дар суҳбат ба “Азия-Плюс” барпо шудани ин мулоқотро таъйид кард. Вай гуфт “дар мулоқот ҷонибҳо асосан мавзуйи аз суйи қирғизҳо сангборон шудани мошини боркаши “Камаз”-и ронандаи тоҷик ва сохтмони ғайриқонунӣ дар марзро баррасӣ карданд”.

Аммо ба иттилои хабаргузории қирғизии Turmush дар мулоқот масъалаҳои ҳифзи суботи ҷамъиятиву сиёсӣ дар минтақаи наздимарзӣ, ҷилавгирӣ аз амалҳои иғвоангезона, барқарории дӯстии миёни ду халқ, ҷилавгирӣ аз корҳои сохтмонии ғайриқонунӣ ва роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии деҳаҳои наздимарзии ду кишварро муҳокима кардаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Равандаи мулоқот

Мулоқоти ҷонибҳо баъди он сурат мегирад, ки рӯзи 20-уми январ шаҳрвандони Қирғизистон мошини боркаши тамғаи “Камаз”-и шаҳрванди Тоҷикистон Насруллобек Асламовро сангборон карданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Қирғизҳо мошини як сокини Чоркуҳро, ки ба Ворух хӯрок мебурд, сангборон карданд

Дафтари матбуоти шаҳрдори Исфара гуфта буд, ин мошин ба деҳаи Ворух маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла хӯрока мебурд, вале дар ҳудуди деҳаи Оқсойи Қирғизистон мавриди сангборони гурӯҳе аз қирғизҳо қарор гирифта, дар натиҷа ронанда осеб бардошта тирезаҳо ва чароғҳои мошин шикастаст.

Дирӯз, 23 январ расонаҳои қирғизӣ хабар доданд, ки марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон боз ноором шуд. Мақомоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, дар минтақаи наздик ба деҳаи Эски-Оочуи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон як гуруҳи шаҳрвандон дар минтақаи муайяннашудаи марзӣ ба сохтани симдевор пардохтаанд.

Гуфта мешавад сохтмони симдеворро сардорони дидбонгоҳҳои марзии ду ҷониб рӯзи 21-уми январ муовфиқа карда буданд ва замони сохтани симдевор марзбонони Тоҷикистон ҳозир шуда, талаби қатъи симкаширо кардаанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...