Шоми 31-уми январ гурӯҳе аз сокини деҳаи қирғизнишини Кӯктош роҳи бошандагони деҳаи Сомониёни Исфараро бастанд. Сабаби ин роҳбандӣ маълум нест, вале мақомоти тоҷик мегӯянд, аз ин роҳ тоҷикон барои рафтуомад ба деҳаи Сомониёни боло ҳамарӯза истифода мебаранд ва баҳсе низ набояд ба миён ояд.
Шабакаи ютубии “Чоркӯҳ TV”, ки ҳаводиси марзи миёни Исфара бо Қирғизистонро бозтоб медиҳад, шоми 31-уми январ аз баста шудани роҳи байни деҳаи Сомониёни боло хабар дод. Аз навори ин шабака дидан мумкин аст, ки даҳҳо нафар бошандагони деҳаи Куктоши Қирғизистон дар миёнаҷойи роҳ гирд омада, роҳро мебанданд ва барои убури роҳи байни Сомониёни поён ба Сомониёни боло иҷоза намедиҳанд.
“Пеши роҳи як чанд шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми гузаштан аз ин роҳ қирғизҳо баста бо онҳо муноқишаву кашмакашӣ кардаанд”- шарҳ медиҳад, “Чоркӯҳ TV”
Як манбаъи мӯътамади “Азия-Плюс” аз ҳукумати шаҳри Исфара баста шудани роҳи сокинони Сомониёни болоро тасдиқ кард ва гуфт роҳро сокинони деҳаи қирғизнишини Кок-тош бастанд. Вай гуфт, роҳбандӣ асри рӯзи 31-ум оғоз шуд ва роҳ ҳоло ҳам баста аст. Қирғизҳо ба ҳавлии як сокини деҳаи Сомониён – Мақсад Ҷумъаев санг партофтанд ва тирезаашро шикастанд.
“Ин роҳ тоҷиконро то Сомониёни боло мебарад ва шаҳрвандони мо ҳамарӯза аз он истифода мебаранд. Аммо ҷониби қирғизҳо пайваста иғво ангехта истодаанд. Касоне, ки роҳро бастанд сокинони мулкии деҳаи Кок-тош буданд”-гуфт манбаъ ва илова кард, ки вазъ ҳоло дар марз ором аст, аммо роҳро накушодаанд.
Ин роҳбандӣ пас аз чаҳор рӯзи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат мегирад. Неруҳои марзбонии Тоҷикистон сабаби муноқишаи хунини шаби 27-уми январро аз ҷониби гурӯҳе аз сокинони номаълуми қирғиз бастани роҳи болои пул ном бурд ва гуфт мақомоти масъули Қирғизистон ба як мулоқоти аз қабл ҳамоҳангшуда наомаданд ва тирпарониро оғоз кароданд. Ҳамин тариқ муноқиша ба хун печид ва чанд нафар куштаву аз ду ҷониб чанд тани дигар захмӣ шуданд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Сабаби муноқишаву нофаҳмиҳои зиёд дар марзи ин ду кишвар, ки оқибат ба хун мепечад номуайян ва аломатгузорӣ нашудани беш аз 400 километр сарҳади давлатӣ мебошад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.