spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Аз мусобиқаҳои варзишӣ то пешниҳоди боз кардани роҳи Шӯробу Самарқандак. Мулоқоти дуюми сокинон дар марз

Сокинони деҳаҳои наздимарзии Исфараи Тоҷикистон ва Самарқандаки Қирғизистон боз дар марз бо ҳам дидору гуфтушунид карданд. Пас аз даргириҳои хунини рӯзи 27-уми январ ин мулоқоти дуюми пирони тоҷику қирғиз аст, ки ахиран пешниҳоди ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, боз кардани роҳи байни Шӯроб ва Самарқандакро барои рафту омади мардум дар миён гузоштаанд.

Дар ин бора раиси ҷамоати Чоркӯҳи Исфара Шукурхон Насриев дар суҳбат ба “Азия-Плюс” хабар дод. Вай гуфт, мулоқоти сокинони наздимарзӣ охири ҳафтаи гузашта дар маҳаллаи Фирдавсии ин ҷамоат барпо шуд.

Дар ин мулоқот, ки аз ду ҷониб беш аз 100 нафар ширкат кардаанд пирону ҷавонон, раисони маҳаллаҳои Навобод, Себзор, Фирдавсӣ, Гузари ҷамоати Чоркӯҳ бо ҳамсояҳои қирғизи худ аз деҳаҳои Самарқандак, Паски-Ариқи вилояти Бодканд дидор кардаанд. Дар мулоқот даҳҳо нафар кормандони пулиси ду ҷониб низ иштирок кардаанд.

“Тарафҳо пешниҳод карданд, ки бозии футбол, волейбол ташкил шавад. Аз ҷониби мо пешниҳод шуд, ки роҳи байни Шӯроби Исфара ва Самарқандаки Қирғизистон кушода шавад. Бо ин роҳ мардум рафту омад мекунанд, ҳоло натиҷаи ин пешниҳод маълум нест, ки чӣ мешавад. Эҳтимол боз як вохӯрии дигар ташкил шавад, баъд маълум мешавад. Умед дорем, ки ин мулоқотҳо ягон натиҷаи хуб медиҳад”.

Ҳафтае пеш нахустин мулоқоти пирони наздимарзӣ бо даъвати сокинони ҷониби Қирғизистон ташкил шуд ва даҳҳо нафар аз деҳаҳои Сомониён, Хоҷаи Аълои Исфара ва Оқтатир, Оқсой, Самарқандаки вилояти Бодканд дар наздикии “роҳи 275-метрӣ” бо ҳам суҳбат карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Асрор Шокиров, вакили деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара ва яке аз иштирокчиёни ин мулоқот ба “Азия-Плюс” гуфт, дар мулоқоти нахустин ягон пешниҳоди мушаххасу ҷиддие набуд. Вале афзуд, “агар мақсад дӯстӣ бошад, бояд доираҳои зиёди одамон дӯст шаванд”.

“Аз ин пештар бисёр оши оштӣ гуфта буданд, бисёр корҳоеро кардем ва байни сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Самарқандак бозии футбол ташкил кардем, аммо натиҷа надод. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки мо ҳам монда шудем, масъалаи замин, роҳ дигарро роҳбарият ҳал кунад. Мо халқ дигар баҳс накунем. Ман гуфтам, Шумҳо ба ҷавонони худ насиҳат кунед ин ҷангу ҷанҷол хуб нест”,-гуфт, вакили деҳаи Хоҷаи Аъло.

Расонаҳои қирғизӣ низ молоқоти сокинони наздимарзиро аз оғоз пайгириву инъикос мекунад. Хабаргузории 24.kg такя ба иттилои Раёсати корҳои дохилаи вилояти Бодканд аз ҷараёни мулоқоти ахир навиштааст, ки “дар вохӯрӣ пиронсолон ба баргузории чорабиниҳои муштараки варзишӣ ба мувофиқа расиданд”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Аз ҷангу ҷанҷол хаста шудем”: мулоқоти мӯйсафедони тоҷику қирғиз дар марз

Ин хабаргузорӣ ҳадафи баргузории вохӯриро “даъват ба барқарории равобити сокинони деҳаҳои наздимарзии ду кишвар, роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҷавонон оид ба паҳн накардани маводи иғвоангез ва пешгирии низоъ дар марз” шарҳ додааст.

Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки шаби 27-уми январ дар марзи миёни Исфара ва Бодканд даргирии хунин сар зад ва аз ду ҷониб даҳҳо нафар захмӣ ва аз Тоҷикистон ду кас кушта шуд. Ин идомаи ҳамон муноқишаи хунини даҳ моҳ пеш ба вуқӯъпайваста дар охири моҳи апрели соли гузашта буд, ки боиси бад шудани муносибатҳо ва баста шудани марзи миёни ду кишвар гардид.  

Ҳарчанд дар ду мулоқоти пиронсолони наздимарзӣ ба гуфтаи масъулини тоҷик ҳеч қарордод ё санади рамзие имзо нашуд, вале зоҳиран мушоҳида мешаванд, ки мардумро талқин мекунанд ба ҳам дӯст шаванд ва равобити ҳамсоядориро барқарор кунанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...