Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард дар вилояти Суғд роҳҳои мошингардеро номбар кард, ки дар марз бо Қирғизистон ҷойгир аст ва ин ниҳод наметавонанд онҳоро таъмири асосӣ кунад. Ин роҳҳо дар ҷамоатҳои марзии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ ҳастанд, ки ба гуфтаи мақомот ба далели ҷой доштани баҳси мавзеъҳои ҳаммарз бо кишвари ҳамсоя, ҳоло ҳама гуна корҳои сохтмонӣ дар он боздошта шудааст.
Мирзоалӣ Мансуров, сармуҳандиси Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди Суғд зимни нишасти хабарӣ гуфт, ҳоло қисме аз 43 километр роҳи Исфара-Ворух, зиёда аз 13 километр роҳи Ғафуров-Овчиқалъача ва бештар аз 50 километр роҳи Хуҷанд-Конибодом (аз қисмати Кучкар то ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) дар марз бо Қирғизистон ҷойгир аст ва бинобар мавҷуд будани баҳси замин ё наздимарзӣ будан наметавонанд онро аз таъмири асосӣ бароранд.
“Дар ин роҳҳо то анҷоми бақайдгирии заминҳои сарҳадӣ ҳама гуна корҳои сохтмонӣ боздошта шудааст. Ҳоло дар ин масъала комиссияи байниҳукуматӣ корбарӣ карда истодааст ва ҳангоми ҳал шудани масъалаҳо таъмиру сохтмони ин роҳҳо оғоз мешавад. Монеа фақат барои таъмири асосӣ аст, дар мавриди таъмири ҷорӣ ва рафтуомади нақлиёту мусофирон мушкиле ҷой надорад”,- гуфт ин масъули роҳҳои вилоят.
Аммо Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 17-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, омодаанд ба сохтмони роҳи Хоҷаи Аъло-Ворух шурӯъ кунанд. Ин ҷо гап дар бораи сохтмони роҳе меравад, ки ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон 1-уми майи соли гузашта ба тавофуқ расида буданд, ки роҳи Хоҷаи Аъло-Ворухро якҷоя месозанд. Аммо бо гузашти даҳ моҳ аз ин созиш, бунёди ин тарҳ ба таъхир афтодааст ва ҳанӯз мақоми ҳуқуқии ин роҳ мушаххас нест..
"Мо омодаем, ки ҳар лаҳза аз ҷониби комиссияи байниҳукуматӣ ишора шуд ба гузаронидани корҳои топографӣ ва сохтмонӣ шурӯъ кунем",-афзуд, Азим Иброҳим.
Бино ба гуфти вазири нақлиёт дар музокироти ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар намояндагони ин вазорат ширкат доштанд ва дар мавриди бунёди ин роҳ тавофуқ ҳосил шуда буд. Вале баъдан ин корҳо ба таъхир афтоданд. Пас аз он ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки то анҷоми корҳои таъину аломатгузории марз, барои ҳаракати озоди нақлиёт роҳи мошингарди Хоҷаи Аъло-Ворухро, ки аз самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчигай) мегузарад якҷоя созанд. Нигоҳубини ин роҳро тибқи протоколи имзошуда ҷониби Тоҷикистон ба дӯш гирифтааст.
Идораи роҳсозии вилояти Суғд, мегӯяд дар сурати дарёфти иҷоза ба анҷоми корҳои таъмири асосӣ дар роҳҳои мавҷудаи “баҳсӣ” ва наздимарзӣ шурӯъ мекунад. Ҳарҷанд мақомот мегӯяд, ин роҳҳоро давоми чанд муддат аз таъмири ҷорӣ мебаронанд, вале боз роҳ вайронаро мемонад ва ниёз ба таъмири асосӣ дорад.
Ба гуфтаи Мирзоалӣ Мансуров, сармуҳандиси Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди Суғд дар мавриди таъмири роҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон ягон мушкиле нест ва ҳоло корҳои таъмири тибқи нақша дар роҳи наздисарҳадии “Бекобод-Зафаробод” идома дорад.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида соли 2022 дар вилояти Суғд таъмиру тармими 2021,1 километр роҳҳо дар назар аст. Аз он 223 километр таъмири асосӣ, 956,1 километр таъмири ҷорӣ ва 842 километр роҳҳо шағалпӯш карда мешавад. Барои анҷоми ин корҳо мақомот аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар маҷмӯъ 113 миллиону 109 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.