spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Баъди як куштаву тирпаронии нимашабии қирғизҳо дар Чоркӯҳ музокироти ду тараф имрӯз шуруъ шуд

Баъд аз ҳаводиси ахири марзӣ, ки рӯзи 10-уми март бар асари тирпаронии неруҳои қирғиз як марзбони тоҷик кушта шуду чанд тани дигар захмӣ шуд ва нимашаби 11-уми март чанд маҳаллаи Чоркӯҳ мавриди тирборон қарор гирифт, субҳи имрӯз мақомти масъули ду ҷониб бар сари музокирот нишастанд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад. Ин гуфтушунид дар гузаргоҳи марзии "Гулистон"-и шаҳри Исфара ҷараён дорад.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳоло ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати фармондеҳи неруҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва бо ҳузури раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияи Исфараву Бобоҷон Ғафуро ва дигар масъулони сохторҳои қудратӣ сари мизи музокирот нишастаанд.

Аз ҷониби Қирғизистон раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев, раиси ноҳияҳои Лайлаку Бодканд ва дигар масъулони сохторҳои  қудратӣ дар ин гуфтушунид ҳузур доранд.

Дафтари матбуоти вилояти Суғд мегӯяд, "мақсади ин дидору гуфтушунид пешгирӣ аз муноқиша дар марз, таъмини зиндагии осудаи мардум дар хатти марзи давлатӣ ва риояи одоби неки ҳамсоядорӣ мебошад".

ГАЛЛЕРЕЯ (8)








Бар пояи иттилои пешакии ҳукумати шаҳри Исфара дар пайи тирандозии шаби 11-уми март, ки неруҳои марзбонии Қирғизистон чанд маҳаллаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфароро тирборон карданд, ҳеч сокини осоишта осеб надидааст. 

Раиси ҷамоати Чоркӯҳ Шукурхон Насриев субҳи 11-уми март дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфта буд, бино ба маълумоти пешакӣ дар натиҷаи тирборони марзбонони Қирғизистон ҳеч нафар мардуми осоишта зиён надидааст.

Бино ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ ин шаб тақрибан аз соати 1:20 марзбонони қирғиз ба ду маҳаллаи Чоркӯҳ, маҳаллаҳои ба номи Ибод Файзуллоев ва Бӯстон тир холӣ карданд, ки тақрибан 1-1,5 соат давом кард.

"Қирғизҳо ба ҷониби мо тир холӣ карданд, ҳоло тафтишот оғоз шудааст ва баъдан маълум мешавад, ки куҷо аз тирхоликунӣ зиён дидааст.Сокинон ҳеҷ куҷо нарафтанд, шаб дар хона буданд ва аз хона берун набаромаданд. Ба сӯйи мардум тир холӣ нашудааст ва ягон нафар аз мардуми осоишта низ ҷароҳат набардоштааст",-гуфта буд раиси ҷамоати Чоркӯҳ.

Ҷониби Тоҷикистон ба таври расмӣ то ҳол дар ин бораизҳори назар накардааст ва сабаби тиркушоии шаби 11-уми мартро низ шарҳ надодаанд. Маълум нест, ки тирпаронӣ аз ҷонибӣ ки шурӯъ шуд ва оё талафоте дар пай дорад ё не.

Тирпаронии нимашаби 11-уми март баъди тирпаронии субҳи 10-уми март ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он як марзбони тоҷик бо ном Сунатулло Маҳмадов кушта шуд. Манобеъи “Азия-Плюс” аз ҳукумати Исфара гуфтанд, ки тирандозии субҳи дирӯз дар пайи марзшикании неруҳои қирғиз сурат гирифта буд. 

«Сарҳадбонони Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон (минтақаи «Ваҳдат»-и ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара) гузашта, аз марзбонони тоҷик талаб кардаанд, ки ин қаламравро тарк кунанд. Задухӯрди лафзӣ ба амал омад, сарҳадбонони қирғиз аввалин шуда оташ кушоданд, сарҳадбонони мо маҷбур шуданд, ҷавоб диҳанд. Дар натиҷаи тирпарронӣ як марзбони тоҷик кушта, ду сарбоз ва чанд сокини осоишта низ маҷрӯҳ шуданд», – гуфта буд, дирӯз як сокини маҳаллӣ ба «Азия-Плюс».

Тафсилоти тирпаронии нимашаби 11-уми март аз сӯйи неруҳои қирғизро дар ин ҷо бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...