Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Тоҷикистон аз СММ хост барои қабули паноҳандагон дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам шавад - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тоҷикистон аз СММ хост барои қабули паноҳандагон дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам шавад

11
11

Тоҷикистон аз Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон  (UNHCR) хостааст, ки барои фароҳам кардани шароити қабули паноҳандагон дар кишвар мусоидат кунад. Ин нукта дар мулоқоти дирӯзи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо роҳбари Намояндагии ин ниҳод дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар мулоқоташ бо Мулугета Зевди Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (UNHCR) дар Тоҷикистон, ки дирӯз, 14-уми март баргузор шудааст, гуфтааст, ки "мушкилоти гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз Афғонистон яке аз масъалаҳои душвор маҳсуб ёфта, барои қабули зиёди гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда дар ҳудуди Тоҷикистон бояд бо кумаки Намояндагии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо имконияти мусоид фароҳам оварда шавад".

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ки дар ин дидор масоили таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар бахши кор бо гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз Афғонистон ва роҳҳои ҳифзи ҳуқуқи онҳову расонидани кӯмак ба эшон баррасӣ шудааст. 

Тоҷикистон масъалаи таъмири яке аз марказҳои паноҳҷӯёнро ҳам матраҳ шудааст. 

Вазири тоҷик гуфтааст, ки дар қадами аввал бояд «Маркази муваққатии қабул ва бақайдгирии гурезагон ва шахсони паноҳҷӯянда», дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон таъмиру таҷдид гардида, шароити мусоид барои қабул ва ҷобаҷокунии гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таъмин карда шавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шаҳраки хаймаҳои паноҳандаҳои Афғонистон дар мавзеи Момираки Тоҷикистон. 9.08.2021

Мулугета Зевди гуфтааст, ки ин ниҳод омода аст барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта бо ВКД ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ монад.

Ин дархости Тоҷикистон аз UNHCR дар ҳолест, ки интизор меравад Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон Филиппо Гранди рӯзҳои 17-18 март баъди анҷоми боздид аз Афғонистон бо як сафари дурӯза ба Тоҷикистон биояд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Нодира Акбаралиева, мушовири байнулмилалӣ оид ба робита бо ҷомеаи Раёсати Комиссариати олии умури паноҳандагони СММ хабар дод.

Дар доираи сафари Комиссари олӣ ба Тоҷикистон як қатор вохӯриву гуфтушунидҳои ӯ дар сатҳи олӣ дар назар аст, ки дар ҷараёни он Гранди масоили марбут ба таваҷҷуҳ ба омадани гурезаҳо бо шумули талош баҳри таъмини омодагӣ ва қабули қарорҳои дарозмуҳлат барои онҳоро баррасӣ мекунад. Дар баробари вохӯриҳои расмӣ, Комиссари олӣ бо паноҳандагони Афғонистон дар шаҳри Ваҳдат дидору суҳбат намуда, аз қароргоҳи муваққатии гурезаҳо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздид мекунад.

Тибқи маълумоти Раёсати СММ, то охири моҳи декабри соли 2021 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 773 нафар гуреза ва шахсони паноҳгоҳталаб қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...