spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Интиқоди муовини Бег Сабур аз кори “Facebook”: “маълумоти корбаронро мефурӯшад”

Муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳомҷон Атоев аз кори шабакаи иҷтмоии “Facebook” интиқод карда гуфтааст, ки чунин сайтҳо маълумоти корбарони худро ҷамъ карда, ба созмони дигар барои таблиғ ё ҳадафҳои дигар мефурӯшанд.

Ӯ дар як мақолаи худ таҳти унвони “Facebook” дӯсти ман аст ё аз хирс?”, ки имрӯз, 31 март дар ҳафтаномаи “СССР” нашр шудааст, гуфтааст, “маълумоте ки дар Интернет эҷод ва паҳн мешавад, дар ниҳоят онҳо манбаи асосии монетизатсия ва эҳтимолан назорат аз болои Инетрнет мебошад”.

– Моликияти иттилооти рақами 1 мавзӯи мураккаб аст, зеро қоиди ягонае вуҷуд надорад, ки кӣ молик аст. Бо вуҷуди ин, мантиқист, ширкате, ки платформаи тавлиди маълумот дорад, ба монандаи “Фейсбук”, қонунан соҳиби ин маълумот аст. Қисми зиёди инфрасохтори интернет ба якчанд ширкатҳои бузурги телекоммуникатсионии байналмилалӣ тааллуқ дорад,- гуфтааст Илҳомҷон Атоев.

Номбурда, аз сол ба сол афзудани ҳаҷми қаллобӣ дар шабакаи Интернет нигаронӣ намуда, гуфтааст, ки маҳз дар замони панедмия “шумораи кӯшишҳои вайрон кардани системаҳои иттилоотӣ ва дуздии маълумоти рақамӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст”.

Илҳомҷон Атоев мегӯяд, ба хотири пешгирӣ аз фаъолиятҳои террористӣ, экстримистӣ, ҳолатҳои барангехтани кинаю адоват, низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллӣ бо истифода аз шабакаи интернетӣ, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо КДАМ, ВКД ва дар асоси аризаҳои Додситолни кули Тоҷикистон бо ҳалномаи Додгоҳи олӣ миқдори зиёди вебсайтҳои интернетиро  дар ҳудуди Тоҷикистон қатъ (блок) намудаанд.

– Аз ҷумла дар сомонаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Однокласник” ва дигар барномаҳои месенҷерӣ натиҷаи чунин фаъолият мавриди баррасию иҷро қарор дода шудааст, – навиштааст Илҳомҷон Атоев.

Интиқоди муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҳолест, ки чанде пеш “Роскомнадзор” фаъолияти “Facebook” – ро дар ҳудуди Русия маҳдуд кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...