Таҳқиқ ва омӯзиши мавзӯъ нишон дод, ки масъалаи аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон бисёр печида шуда, барои сар задани муноқишаҳои калон миёни ду кишвар заминаро фароҳам кардааст. Зиёд шудани эҳсоси душманӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар, изҳороти баҳсбарангези мақомдорон, натиҷаи зарурӣ надодани гуфтушуниди Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъину аломатгузории марзии давлатӣ, иҷро нашудани тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда ва зиёд шудани теъдоди низомиён дар минтақаҳои марзӣ аз қабили чунин заминаҳо барои сар задани муноқишаҳои калон шудаанд.
Коршиносон чанд роҳи ҳалро барои ҳалли мушкили марзӣ пешниҳод мекунанд. Сар карда, аз гуфтугӯ то дахолати Русия ба ҳайси кишвари меросбари Иттиҳоди Шӯравӣ. Таҳлилгарон аз он нигаронӣ доранд, ки аломатгузории марз агар бо ҳамин шеваи имрӯза пеш равад, мо шоҳиди муноқишаҳои калон ва хунин дар марз хоҳем шуд.
Дар ин тадқиқот мо талош кардем ин масъаларо рӯшан кунем, ки чаро мушкили аломатгузории марз миёни Душанбе ва Бишкек то ҷанг миёни ду кишвар дар моҳи апрели соли 2021 расид ва роҳи ҳал чӣ буда метавонад?
Таърихчаи муноқишаҳои марзӣ. Ворух чӣ гуна "анклав" шуд?
Барои пурра фаҳмидани масъалаи марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон, бояд аз масъалаи Ворух шуруъ кунем. Ҷамоате, ки 40 ҳазор аҳолӣ дораду Қирғизистон онро анклав (ҳудуди як кишвар, ки дар дохили кишвари дигар аст) меномад, вале Тоҷикистон инро рад мекунад. Нахустин муноқиша маҳз дар ҳамин макон соли 1974 рух дод, ҳарчанд он замон Тоҷикистону Қирғизистон ба як давлат-Иттиҳоди Шӯравӣ шомил буданд.
Инъомиддин Юлдошев, сокини 78-солаи ҷамоати Ворух ва аз шоҳидони он муноқиша мегӯяд, соли 1963 хоҷагӣ (колхоз)-и “Правда”-и Ворух тасмим гирифт 700 гектар заминҳои бекорхобидаро дар деҳаи Меҳнатобод аз худ кунад. Кандани ҷӯй, овардани об ва бунёди инфрасохтори зарурӣ нуҳ сол давом кард ва соли 1974 хоҷагидорон ба бунёди боғ дар заминҳои нав оғоз карданд. Вале ба гуфтаи Инъомиддин Юлдошев, 40 хонаводаи қирғизҳо, ки дар он тарафи дарёи Исфара зиндагӣ мекарданд, омада аз раиси колхоз хостаанд, ки онҳоро ба колхоз қабул кунад. Ба гуфтаи ин сокини Ворух, баъди рад шудани дархости қирғизҳо онҳо ҷанҷол бардошта, ду сокини Ворухро ярадор карданд. Ин ду нафар Музаффарҷон Бобоҷонов ва Ҳиҷрониддин Абдураҳимов ҳастанд.
Мирзошариф Исломиддинов, яке аз роҳбарони шаҳри Исфара дар охири солҳои 80-ум ҳам шоҳиди он рӯзҳо буд. Собиқ шаҳрдори Исфара мегӯяд, баъди даъвои ҷониби Қирғизистон, намояндагон аз Маскав омада, масъаларо таҳқиқ карданд ва аз 700 гектар замини нав 300 гектарашро “барои мусолиҳа” ба қирғизҳо доданд. Баъди додани заминҳо ба гуфтаи Исломиддинов, қирғизҳо ба тезӣ дар онҷо маҳаллаи аҳолинишин бунёд карданд.
Дар ин 300 гектар замин ҳоло маҳаллаи Оқ-Сой (Ак-Сай) ҷойгир шудааст, ки ҷамоати Ворухро ба анклав табдил додааст. Яъне барои аз Исфара ба Ворух рафтан, бояд аз дохили деҳаи Оқ-Сой убур кард. Дар бештари муноқишаҳои марзӣ шаҳрвандони Қирғизистон ягона роҳ ба Ворухро мебандад ва сокинони Ворух амалан дар инзиво мемонанд.
Оқ-Сой 20 сол ба иҷора дода шуда буд?
Дар бораи додани замини деҳаи Оқ-Сой як факти дигар ҳам вуҷуд дорад. Бахши русии BBC соли 2014 дар як гузорише навишт, “ҳудуди деҳаи Оқ-Сой дар давраи Шӯравӣ ба муҳлати 20 сол ба қирғизҳо ба иҷора дода шуд, аммо акнун Бишкек аз баргардондани он худдорӣ мекунад”.
Дар бораи ташкил шудани деҳаи Оқ-Сой дар манобеи бози қирғизӣ маълумоти кам мавҷуд аст. Аммо мақомоти Қирғизистон аз ҷумла намояндаи вижаи ин кишвар дар умури марзӣ таъкид мекунад, ки барои исботи он ки Оқ-Сой замини қирғизҳо аст, “далелҳои кофӣ вуҷуд дорад”. Назирбек Борубаев ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1955, 1958, 1961 ва 1989 ишора карда, аммо мушаххасан аз ягон санад ном набурдааст.
Чаро ба Ворух роҳ боз намешавад?
Як мушкили аслӣ дар гуфтугӯҳои марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки бо гузашти 20 сол аз гуфтугӯҳо ҳал нашудааст, ин додани роҳ ё коридор ба Ворух аст. Ҳарчанд барои кушодани роҳ ба Ворух то ин дам миёни Тоҷикистону Қирғизистон ду санад имзо шудааст.
Бори аввал соли 2014 ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба созиш расида буданд, ки бар ивази иҷозат додан ба бунёди роҳи Оқ-Сой-Тамдиқ, ҳамзамон роҳи алтернативии Хоҷаи Аъло-Ворух сохта мешавад. Аммо ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷониби Қирғизистон ин санадро низ иҷро накард.
Бори дуюм, 5-уми майи соли 2021 ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз як ҳафтаи задухурди хунин дар марз ба тавофуқ расида буданд, ки “бо мақсади ҳаракати бемамониати шаҳрвандон, убури воситаҳои нақлиёт ва молҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибҳо роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло-Ворух”-ро дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчигай) якҷоя месозанд ва ҷониби Тоҷикистон истифода ва нигоҳдорӣ мекунад”.
Бархе сокинони Ворух он вақт хурсанд шуданд, ки дар ниҳоят мушкили роҳ ба ин ҷамоат ҳал шуд. Аммо баъди як рӯзи имзои санад бо Тоҷикистон, Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ва роҳбари ҳайати ин кишвар дар гуфтугӯи марзӣ ба расонаҳо гуфт, ҳеч гуна долон ба Ворух дода нашудааст. Аз тавофуқи дуюми Тоҷикистон бо Қирғизистон барои сохтани роҳ ба Ворух 9 моҳ мегузарад, аммо то ҳол роҳи алоҳида ба Ворух сохта нашудааст.
Муродулло, ронандаи мусофиркаш, ки сокинонро аз Ворух ба маркази Исфара мебарад мегӯяд, ҳафтае нест, ки дар вақти гузашта аз миёни деҳаи Оқ-Сой ба сӯи мошини онҳо санг напартоянд. Дар вақти убур аз миёни деҳаи Оқ-Сой, Муродулло аз мо хоҳиш кард, ки акс нагирем, зеро мумкин аст тарафи мошини мо санг андозанд.
Бархе дар Тоҷикистон бовар доранд, ки Қирғизистон роҳи Ворухро ҳамчун як василаи фишор нисбати Тоҷикистон истифода мекунад.
Моҳи марти соли 2021 Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ба Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки Ворухро ба қисме аз Ботканд иваз кунанд. Ин пешниҳод дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои зиёдро ба миён овард ва ду ҳафта пас аз он раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба Исфара ба ин пешниҳоди ҷониби Қирғизистон посухи рад дод.
Муноқишаи хунине, ки мушкили марзро бармало кард
Аммо мушкил дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо бо Ворух ва Оқ-Сой маҳдуд намешавад. Баъди 15 соли муноқиша дар Ворух, соли 1989 дар деҳаи Хоҷа Аълои Исфара муноқишаи хунин миёни сокинони наздимарзӣ сар зад. Ҷанҷоле, ки як нафар қурбонӣ ва 21 маҷруҳ дар пай гузошт. Ин муноқиша танҳо бо дахолати роҳбарони аввали Тоҷикистон ва Қирғизистон ва неруҳои махсуси ОМОН хомӯш карда шуд.
Ҳоҷибобо Тӯйчизода, муаллим аз деҳаи Хоҷаи Аъло он рӯзҳоро хеле хуб ба ёд дорад. Обидҷон Муллоҷонов, ягона қурбонии он ҳодиса яке аз хешовандони ӯ мебошад.
Ҳамсуҳбати мо бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо мегӯяд, ҷанҷоли хунини соли 1989 бар сари тақсими оби канали “Масчоӣ” сар зад. Аз рӯи тартиб бояд ҷониби Қирғизистон дар як сония 200 литр об мегирифтааст ва ин об барои обёрии 20 га замин дар як вақт кофӣ аст. Аммо ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо дар деҳаи Хоҷаи Аъло, шаҳрвандони Қирғизистон ин тартибро вайрон карда, нисфи оби дарёро гирифтанд. Вақте сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло бо нишони эътироз аз ин кор пеши роҳи обро бастанд, шаҳрвандони Қирғизистон ба онҳо ҳамла кардаанд. Ҷанҷол миёни сокинони наздимарзии ду кишвар то онҷо зиёд шуд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ маҷбур шуд, неруҳои махсуси “Перм”-ро аз Фарғона ба инҷо интиқол диҳад.
“Роҳбарияти ҳарду кишвар якуним моҳ дар Исфара буданд. Мардуми зиёде аз ҳарду тараф ҷамъ шуда буданд. Як задухурди шадид сар шуд, ҳам дар Хоҷаи Аъло ва ҳам дар Ворух. Дар Ворух, Хоҷаи Аъло, Сурх ва Чоркуҳ соати комендантӣ эълон карданд. Тақрибан 21 кас ярадор ва як кас дар Хоҷаи Аъло мурд,”-ба ёд меорад он рӯзҳоро Мирзошариф Исломиддинов, роҳбари дуюми Исфара дар он вақт.
АЗ АКСҲОИ МУНОҚИШАИ СОЛИ 1989
Мирзошариф Исломиддинов, роҳбари дуюми шаҳри Исфара мегӯяд, баъди ҷанҷоли соли 1989 аз ду тараф комиссияи паритети ташкил шуда, ду моҳ кор кард. Вале ба гуфтаи Исломиддинов, протоколи ин комиссия ба хотири мухолифи манфиатҳои миллӣ будан аз тарафи Тоҷикистон қабул нашуд.
Муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баъди соли 2013 якбора зиёд шуд. Тибқи ҳисобҳои мо, аз соли 2013 то моҳи майи соли 2021 бар асари муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҳарду тараф ҳадди ақал 400 нафар захмӣ ва 61 нафар кушта шуд. Ин ҳисоби мо танҳо ҳисоби камтарин аст ва тасдиқшуда аст. Аз соли 2013 то 2021 дар марз муноқишаҳои хурде сар зад, ки ба расонаҳо роҳ наёфтанд ва ҷомеа дар бораи он ҷузъиёти кам медонад. Омори расмӣ дар бораи теъдоди ҳалокшудагон дар муноқишаи марзӣ пахш нашудааст.
Нуқтаи авҷи ин муноқишаҳо ҷанги ҳафтсоатаи артиши ду кишвар дар моҳи апрели соли 2021 буд. Дар натиҷаи он аз ҳарду тараф 55 нафар кушта, зиёда аз 200 нафар захмӣ шуданд ва бори дигар бармало шуд, ки мушкили аломатгузории марз то куҷо печида шудааст.
Нуқтаҳое, ки дар музокираи марзӣ кургиреҳ задаанд?
Барои аломатгузории марз Тоҷикистону Қирғизистон соли 1990 комиссияи паритетӣ ташкил шуд, ки роҳбарии онро раисони порлумони ду кишвар ба уҳда доштанд. Вале бо шуруи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба гуфтаи собиқ шаҳрдори Исфара Мирзошариф Исломиддинов, кори комиссияи нотамом монд.
Соли 2002 Душанбе ва Бишкек гуфтугӯҳо барои аломатгузории марзи ду кишварро оғоз карданд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2021 зимни сафараш ба Ворух гуфт, “дар 19 соли фаъолияти комиссия 519,9 километри сарҳад муайян ва мувофиқа карда шудааст, ҳарчанд ҷониби Қирғизистон то ҳол санадро тасвиб накардааст.” Мутахассисон мегӯянд, ин 519 километр ҳамон минтақаҳои куҳистоние буд, ки марз аз қабл муайян буд. Нуқтаҳои асосии баҳси марзӣ миёни ҷонибҳо аз ҷумла дар Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мондааст. Мушкили якум, додани роҳ ба Ворух аст, ки дар боло онро шарҳ додем.
Мушкили дигар, ҷойгиршавии нуқтаҳои “шахмат” дар минтақаи марзӣ бахусус дар ҷамоати Чоркуҳ аст. Дар ин гуна нуқтаҳо як хона қирғиз ва як хона тоҷик зиндагӣ мекунанд. Ё як тарафи кӯча Тоҷикистон ва тарафи дигар Қирғизистон гуфта мешавад. Мақомот ва ҳам мутахассисон гуфтаанд, барои ҳалли мушкили ин нуқтаҳои “шахмат” бояд миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мубодилаи замин сурат гирад. Аммо ин кор то ҳанӯз иҷро нашудааст.
Нуқтаи асосии дигари мавриди баҳс роҳе мебошад, ки ноҳияи Бобоҷони Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон аз ҳам ҷудо мекунад. Ин роҳи асосӣ аст, ки сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва Исфара барои равуо ба Хуҷанд аз он истифода мебаранд. Ҳанӯз мушаххас нест, ки ду кишвар ин мушкилро чигуна ҳал кардан мехоҳанд.
Музокира мушкилро ҳал кард ё печидатар?
Мақомоти Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон борҳо гуфтаанд, ки талош мекунанд масъалаи марзро аз роҳи гуфтушунид ҳал кунанд. Ин гуфтушунидҳо соли 20-ум аст, ки давом доранд. Ҳайати комиссияи аломагузории марз тақрибан ҳар моҳ вомехӯранд, вале ҷузъиёти гуфтугӯи онҳо эълон намешавад.
Таҳқиқ ва омӯзиш нишон медиҳанд, ки ин гуфтугӯҳо на инки масъаларо ҳал накарданд, балки баръакс онро печидатар кардааст. Бо ду далел ин музокираҳо то ҳол натиҷаи дилхоҳ надодааст.
Якум, иҷро нашудани тавофуқҳои ҳосилшуда мебошад. Як масъули комиссияи аломатгузории марзи Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш ба мо гуфт, Тоҷикистон аз пурра иҷро нашудани шартномаҳои қаблан имзошуда нигарон аст. Ин нукта аз забони Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ садо додааст. Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам рӯзи 29-уми январи имсол дар поёни дидораш бо ҳайати Қирғизистон ба ин нукта ишора кард. Ятимов чанд маротиба такрор кард, ки бояд талабҳои созишномаҳои қаблан имзошуда пурра иҷро шаванд. “Протоколҳои дар гузашта имзошуда бояд риояву иҷро шаванд, гурез аз иҷрои онҳо боиси низоъ мешавад,”-гуфт Саймумин Ятимов.
Дуюм, даст кашидан аз созиши қаблан ҳосилшуда ё норозигӣ аз он. Барои намуна баҳси тозае, ки ахиран миёни Душанбе ва Бишкек бар сари иҷора додани роҳи Ӯш-Бодканд-Исфана ба миён омадааст. Бар асоси ин санад, ки соли 2009 миёни дабирони Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Қирғизистон имзо шуд, Тоҷикистон қитъаи роҳи "Уш-Бодканд-Исфана"-ро бо дарозии 275 метр ба муддати 49 сол ба Қирғизистон иҷора дод. Қирғизистон онро роҳи "Торт-Кочо" меномад. Ахиран Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Вечерний Бишкек” гуфт, ин санадро эътироф намекунад, чун ин санад ба манфиати кишвараш нест.
Санади дигари марбут ба марз, ки қаблан имзо шуда, ҳоло дар Тоҷикистон норозигиҳоро ба миён овардааст, иҷоза додан барои сохтани роҳи Тамдиқ-Оқсой мебошад. Соли 2014 Тоҷикистон барои сохтани як роҳ дар канори дарёи Исфара ба Қирғизистон иҷозат дод. Ин роҳи алтернативи мебошад, ки ноҳияҳои Лайлак, Исфана ва деҳаҳои Мақсад, Борбордуқ ва Самарқандакро ба дигар минтақаҳои Қирғизистон пайваст мекунад. То ин вақт сокинони ин ноҳияҳои Қирғизистон аз дохили роҳе мегузаштанд, ки Тоҷикистон ба муддати 49 ба онҳо иҷора буд.
Ҳангоми сафар ба минтақаҳои наздимарзии Исфара чандин сокини ҷамоати Чоркуҳ, Ворух ва деҳаи Хоҷаи Аъло аз он норозигӣ карданд, ки чаро Тоҷикистон барои бунёди роҳи “Тамдиқ-Аксай” иҷозат дод.
“Соли 2013 пеш аз ин иҷозат барои сохтани ин роҳ, Муродалӣ Алимардонов, раиси комиссияи аломатгузории марз аз тарафи Тоҷикистон бо сокинони деҳаҳои марзӣ мулоқот кард. Дар ин вохӯрӣ чанд маротиба аз Алимардонов илтимос кардам, ки барои сохтани роҳи Тамдиқ-Оқсой иҷозат надиҳед. Ваъда дод, ки имзо намекунам, аммо иҷозат доданд. Бо касофатии ин имзо, он тарафи дарёи Исфара аз ҷумла куҳ, чарогоҳ ба дасти қирғизҳо афтид. Агар ҳозир гузаред, дастгир карда, ба Ботканд мебаранд,”-мегӯяд Ҳоҷибобо Тӯйчизода, омӯзгор аз деҳаи Хоҷаи Аъло.
Ин сокини деҳаи Хоҷаи Аъло ҳамчунин гуфт, солҳои қабл вақте қирғизҳо дар вақти муноқишаҳои марзӣ роҳи Ворух-Исфараро мебастанд, онҳо дар ҷавоб роҳи ноҳияи Лайлакро манъ мекарданд. Вале ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, вақте ҷониби Қирғизистон роҳи Тамдиқ-Оқсойро бунёд кард, Тоҷикистон василаи асосии фишор ба он тарафро аз даст дод. “Ҳозир онҳо роҳи Ворухро банданд, мо роҳи қирғизро баста наметавонем. Чун агар ин роҳро бандем қирғиз роҳи Ботканд-Тамдиқро сохта гирифт, ба он роҳ меравад. Ин хатои стратегии Алимардонов буд,”-афзуд Ҳоҷибобо Тӯйчизода.
Нигаронии дигари сокинони Чоркуҳ ин аст, ки бо сохтани роҳи Тамдиқ-Оқсой онҳо чарогоҳҳои он тарафи дарёро аз даст доданд. Нуктаи дигари нигаронкунанда ин аст, ки ба гуфтаи бархе фаъолони деҳаи Хоҷаи Аъло, бо сохтани роҳи Тамдиқ-Оқсой кишвари ҳамсоя баъдан метавонад маҷрои дарёро Исфараро тағйир диҳад ва онро ба сӯи заминҳои ноҳияи Лейлак равона созад.
Талошҳои мо барои суҳбат бо Муродалӣ Алимардонов бенатиҷа буд. Соли 2015 Алимардоновро аз мақоми муовини сарвазир барканор карданд ва ӯ дигар ба масъалаи марз машғул нест. Вале дигар мақомҳои тоҷик қазияи иҷозат барои сохтани роҳи «Тамдиқ-Ақсай»-ро чунин шарҳ медиҳанд. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон моҳи июли соли 2020 зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “мувофиқи ин санад, ба ҷониби Қирғизистон сохтмони роҳи Оқ-Сой- Тамдик ҳамзамон бо роҳи алтернативии Хоҷаи Аъло – Ворух иҷоза шуд. Ба сохтмони роҳ Қирғизистон ҷавобгӯ буд. Онҳо роҳи барои худашон мувофиқро сохта, қитъаи роҳро ба Ворух фаромӯш карданд.”
Моҳи декабр мо ба наздикии ин роҳ рафтем. Мушоҳида мешуд, ки Қирғизистон корҳои асфалтхобониро анҷом дода, мошинҳои низомӣ аз онҷо убур мекунанд.
“Таҷрибаҳои нав” дар баҳси марз
Ҳамчунон, ки гуфтем, ки мақомотҳои ду кишвар борҳо гуфтаанд, ки мушкили марзро аз роҳи гуфтугӯ ҳал мекунанд. Аммо Қирғизистон ҳадди ақал дар як соли ахир талош кардааст аз роҳи фишор ба тарафи дигар масъалаи марзро ҳал кунад. Тоҷикистон ҳарчанд кам, аммо дар бархе ҳолат аз усулҳо истифода мекунад. Яке аз намунаҳои ин фишор бо дархости Қирғизистон боздошт шудани ҳадди ақал се шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия аст. Инҳо сокинони минтақаи наздимарзӣ буданд ва Қирғизистон онҳоро ба ширкат дар муноқишаҳо муттаҳам кард. Бо дархости Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистон дар Русия дастгир шуд. Ҳамаи ин нафарон баъдан озод шуданд. Таҳти пайгард додани шаҳрвандони ҳамдигар барои ширкат дар муноқишаҳои марзӣ солҳои пеш набуд.
Баъди муноқишаи охири моҳи апрел Қирғизистон марзҳои худро пурра ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон бастааст. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи бастани марз бо Қирғизистон ягон изҳороти расмӣ надодаанд. Имрӯз амалан ду кишвари ҳамсоя миёни худ ҳеч додугирифт надоранд.
Намунаи дигари фишор, ки қаблан набуд, ба ҳабси абад маҳкум кардани Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов, ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон мебошад. Мақомоти қирғиз онҳоро дар робита ба муноқиша дар марз гунаҳкор карданд, ҳарчанд пайвандонашон ба ин розӣ нестанд. Ҳукми ин ду нафар баъдан ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Дар Тоҷикистон ҳам чанд шаҳрванди Қирғизистон бо ҷурми вайрон кардани қоидаи убур аз марз дар зиндон ҳастанд. Яке аз онҳо моҳи январи имсол дар зиндон даргузашт.
Изҳороти баҳсбарангез, ки вазъиятро бадтар мекунад
Падидаи дигар, ки мушкили аломатгузории марзро печидатар кардааст, изҳоротҳои баҳсбарангези мақомдорон аст. Аз ҷумла ҳарфҳои Қамчибек Тошиев дар бораи иваз кардани Ворух ё изҳори назари раиси ҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар бораи додани Мурғоб. Дар Тоҷикистон ҳарчанд мақомот ба ҷуз аз хабарномаҳои расмӣ дар бораи марз суҳбат намекунанд, аммо бархе изҳоротҳое ҳам гоҳо садо медиҳад, ки вокуниши манфии ҷониби дигарро ба бор меорад. Барои намуна суҳбати генерал Навҷувон Навҷувонов дар бораи замини қирғизҳо набудани Ботканд. Чунин изҳоротҳои мақомдорон дар кишварҳои ҳамдигар ба вокунишҳои тунд рубарӯ мешавад ва эҳсоси душманиро бармеангезад.
Изҳороти ахири Қамчибек Тошиев баъди муноқишаи рӯзи 27-уми январ аз намунаҳои дигари ин аст. Тошиев дар музокирот бо намояндагони Тоҷикистон гуфт, “пос доштани одоби ҳамсоядорӣ муҳим ва бояд мардуми наздимарзӣ дар фазои орому осуда зиндагӣ кунанд.” Аммо баъди чанд соат Тошиев дар суҳбат бо расонаҳои Қирғизистон гуфт, “баъди муноқишаи дирӯза тоҷикон дарс мегиранд ва уҳдадории худро иҷро мекунанд.” Ин изҳорот дар Тоҷикистон вокуниши манфии ҷомеаро ба миён овард.
Афзоиши ҳузури низомиён
Як далели дигар, ки нишон медиҳад, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба муноқишаҳои калон омода мешаванд, ҳузури афзояндаи низомиён дар минтақаҳои сарҳадӣ аст. Мушоҳидаҳо дар минтақаи марзӣ нишон медиҳад, ки солҳои ахир ҳузури низомиён дар ин минтақаҳо зиёд шудааст. Аз ҷумла дар Оқ-Сой, ки як деҳаи хурд аст, як қисми низомии Қирғизистон ҷойгир шудааст. Ё дар деҳаи Хоҷаи Аълои Тоҷикистон ҳам ҳамчунин.
Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон рӯзи 28-уми январи соли 2022 тасдиқ кард, ки ба минтақаи марзӣ техникаҳои ҳарбии бештар фиристодаанд. Аз ҷумла ба гуфтаи Тошиев агар моҳи апрели соли 2021 онҳо дар марз як мошини зиреҳпуш доштанд, пас ҳоло 40 мошини зиреҳпуш доранд. Баъд аз онки Қирғизистон аз Туркия ҳавопаймои бесарнишин харид ва онро ба ихтиёри неруҳои марзбонӣ гузошт, дар Тоҷикистон ҳам бархе талаб доранд, ки айни чунин ҳавопаймои бесарнишин харидорӣ шавад.
Чӣ роҳҳои ҳал вуҷуд дорад?
Дар чунин шароит, ки масъалаи аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон печида шудааст, бархе мутахассисон дахолати кишвари сеюмро зарур медонанд.
Мирзошариф Исломиддинов, собиқ шаҳрдори Исфара, ки дар чандин гуфтугӯҳои марзӣ ширкат кардааст мегӯяд, бояд Русия дар ин масъала ворид шавад. Зеро ба гуфтаи Исломиддинов, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил шуданд ва ҳоло Русия меросбари ин давлат аст.
“Бояд мо ду тарафа як тарафа ба ҷониби Русия пешниҳод кунем, ҳуҷҷатҳои марзиро хуб дида, гӯяд, ки кадом замин ба кӣ таллуқ дорад,”-мегӯяд Исломиддинов.
Рӯзномаи “Независимая газета” ҳам 20-уми январи соли 2022 дар як мақолаи таҳлилӣ аз қавли коршиносон ин эҳтимолро пешбинӣ кард, ки “Русия метавонад ба муноқиша ҷалб шавад.
Сиёсатшиносон мегӯянд, масъалаи марз дар кулл ба муносибати Душанбе ва Бишкек соя андохтааст.
Ба қавли Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик, марз дар Қирғизистон ба як абзоре табдил шудааст, ки гоҳо ҳукумат онро нисбати мухолифон истифода мебарад ё баръакс. Намунаи боризаш ба таъкиди Ризоён, баҳси роҳи 275 метра аст, ки президент Содир Ҷабборов онро ҳамчун як василаи фишор нисбати мухолифаш Адахон Мадумаров истифода мебарад.
“Мушкили асосӣ ин аст, ки дар Қирғизистон маркази қабули қароре нест, ки татбиқи тасмими дуҷонибаи мувофиқашударо кафолат диҳад. Шумо намедонед бо ҷониби Қирғизистон бо кӣ музокирот кунед. Чанд маротиба ҳамин, ки масъала каме ниҳоӣ мешуд, роҳбари комиссияи аломатгузории марз (муовини Сарвазир) иваз мешуд. Масъули асосие, ки аз Қирғизистон дар музокирот ширкат мекунад умуман манфиатдор нест, ки ягон қарор қабул шавад. Чун агар ягон қарор қабул гардад, ӯро ҳатман ба хиёнат ба манфиатҳои миллӣ айбдор мекунад. Чунин тамоюл дар 10 соли охир чанд маротиба такрор шуд ва шояд дар оянда ҳам такрор шавад,”-афзуд Ризоён.
Ин коршиноси тоҷик роҳи ҳалли масъаларо танҳо дар гуфтугӯ ва музокирот мебинад. Зеро ба қавли Ризоён, ҳама намуд ҷанг ва муноқиша ба иқтисод ва зиндагии мардуми ду кишвар зарба мезанад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.