spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Муовини раиси ҷамоати Хистеварз: “тирпарониро марзбонони қирғиз оғоз карданд”

Мақомоти маҳалии Тоҷикистон ҷузъиёти муноқишаи бегоҳии 12-уми апрел дар марзи миёни ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистонро расман шарҳ дода, марзбонони кишвари ҳамсояро дар оғози тиркушоӣ муттаҳам карданд.

Субҳи имрӯз, 13-уми апрел ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар деҳаи марзии Борбордук ва ҳудуди гузаргоҳи марзии “Кулунду” ва “Хистеварз” мулоқот карда ба тавофуқ расиданд, ки неруҳоро аз хатти марз ба маҳалли будубошашон пас мекашанд ва сабабу омилҳои ҳодисаи тиркушоиро меомӯзанд.

Матлуба Ҷӯрабоева, муовини раиси ҷамоати Хистеварз субҳи имрӯз ҳодисаи тирпаронии дирӯзаро расман шарҳ дода марзбонони қирғизро дар оғози тиркушоӣ муттаҳам кард. Ӯ дар суҳбат ба рузноманигорон гуфт, ҳодиса дар хатти марзи маҳаллаи Ҷавғали ҷамоати Хистеварз рух дода тирпаронӣ тахминан 10 дақиқа давом кард.   

«Рӯзи гузашта тахминан соатҳои 18:30 дар қисми низомии назди сарҳади ҷамоати Хистеварзбуда, вақте сарҳадбонони мо ба хидмати худ машғул буданд, сарҳадбонони қирғиз пайдо мешаванд хостаанд, ки гуфтушунид кунанд. Сарҳадбонони мо, вақте ба назди онҳо наздик мешаванд онҳо ба тарафи сарҳадбонони мо тир мекушоянд. Дар ҳамин вақт сарҳадбонони мо низ ба онҳо тири ҷавобӣ мекушоянд ва дар натиҷа як марзбони қирғиз захмӣ мешавад. Баъди захмӣ шудан ҷониби Қирғизистон муноқишаро оғоз мекунанд ва тирпаронӣ чанд муддат давом мекунад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зуд аз он бохабар шуда, омада вазъро ором мекунанд”.-гуфт, Матлуба Ҷӯрабоева.

МЕДИА (YOUTUBE)

Бино ба нақли муовини раиси ҷамоати Хистеварз, ҳоло вазъ дар марз ором буда, ҳангоми муноқиша аҳолӣ ба ягон таҳлука наафтодаанд. 

Ҷӯрабоева мегӯяд, “ин ҳолат бори аввал нест, мо дар ҷамоати Хистеварз гурӯҳи тарғиботӣ дорем ва дар ҳол панҷ маҳаллаи наздимарзие, ки дорем огоҳ кардем, то ҳушёр бошанд”.

Дар ҳамин ҳол Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ки бо ҳайате бо шумули фармондеҳи Неруҳои марзбонии КДАМ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ барои мулоқот бо раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев ва фармондеҳи Хадамоти марзбонии КДАМ Уларбек Шаршеев ба марзи Кулунду ва Хистеварз рафта буд, баъди мулоқоти даври аввал баъзе ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ дод. Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбати бидуни сабт ба рӯзноманигорон гуфт, ки дар натиҷаи тирпаронӣ аз ду ҷониб як нафарӣ маҷруҳ шудаанд.

Раиси вилояти Суғд, сабаби ҳодисаи бегоҳии 12-уми апрелро нофаҳмӣ миёни ду марзбони тоҷику қирғиз номид. Ӯ ҷузъёти бештар надод, вале гуфт муноқиша бар сари муаммои об набуд, балки нофаҳмии ду марзбон буд".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...