Дар Тоҷикистон маъракаи даъват ба артиш идома дорад. Дар як қатор ноҳияҳо ва вилоятҳо аллакай аз иҷрои пурраи нақша гузориш дода бошанд ҳам, дар баробари ин, хабарҳо аз кӯчаву хиёбонҳо бобати зӯран ба хидмат ҷалб кардан ё ба истилоҳ «облава» низ кам нестанд.
Дар пасманзари ин дар нашри нави ток-шоуи "Рости гап" мавзуъи "Чаро ҷавонон ба дифоъ аз Ватан намераванд", матраҳ кардем. Ҳамчунин дар ин барнома, ҳаҷми маблағи хидмати пулакӣ (26 ҳазор 880 сомонӣ), “облава”, “дедовшина” ё худ сарбозозорӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, шароити хидмат ва масъалаи маъмулии “чӣ бояд кард”-ро баррасӣ кардем!
Дар ин барнома ҷавоне, ки худ ба “облава” афтодаааст, ҳуқуқшинос ва ҳамчунин намояндаи Вазорати дифоъ ва меҳмонону коршиносони дигар баҳс мекунанд.
Ба қаҳвахонаи Parking, барои фароҳам кардани макони сабти барнома изҳори сипос мекунем.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.