Мақомоти Исфара мегӯяд, ба канали “Дӯстӣ”, ки онро ҷониби Қирғизистон Торткӯл ном мебаранд об омад. Гурӯҳе аз сокинони чанд маҳаллаи ҷамоати Чоркӯҳ қаблан шикоят доштанд, ки як моҳ инҷониб канал хушкида мушкилии оби нӯшокиву полезӣ пеш омадааст.
Зубайдуло Шомадов, сухангӯйи шаҳрдори Исфара дар саҳифаи фейсбукияш рӯзи 26-уми апрел хабар дод, ки ба канали “Дӯстӣ” дар ҳаҷми 500 литр дар барои ҳар сония об омад. Вай гуфтаааст, ҳарчанд мутобиқи созишномаҳои мавҷуда аз 1-уми апрел то 1-уми июн ҳамасола ба ин канал об намеомад, аммо ба хотири таъмини минтақаҳои тоҷикнишин имсол об оварда шуд.
“Тавассути 9 нуқтаҳои обгирӣ заминҳои маҳаллаҳои Ибод Файзуллоев, Кунҷак, Бӯстону Лангари ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва қисман заминҳои ҷамоати деҳоти Сурх алҳол об гирифта истодаанд. Ҳамзамон дар асоси созишнома ба дарёи Исфара аз обанбори Торткӯл ин шабу рӯз 3 куб об дар як сония ҷорӣ мешавад ва он баҳри обёрии заминҳои поёнӣ равона гардидааст”,-навиштааст Зубайдулло Шомадов.
Ҳукумати Исфара аз аҳолӣ хостааст, ки дар мавриди об дигар нигарон набошанд ва ба таҳлука наафтанд ва бояд обро самаранок истифода бурда ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.
Бобоҷон Зарипов, раиси маҳаллаи Ибод Файзуллоев рӯзи 26-уми апрел ба “Азия-Плюс” гуфт, ки давоми чор рӯзи охир ба канали “Дӯстӣ” об меояд ва мардум аз ин хушҳол шуданд.
“Ҳама ҳавзҳоро бо об пур карданд, боғҳоро шодоб гардонидем, ҳоло ҳам об омада истодааст ва ягон мушкил намонд. Мо кишту корро сар кардем”,- гуфт Зарипов.
Аз ин канал ҳарду ҷониби ҳамсоя об мегиранд ва назорати бештари оби ин канал дар дасти ҷониби Қирғизистон аст. Аз ин канал беш аз 10 ҳазор аҳолии ҷамоати Чоркӯҳ об мегиранд. Аммо ду моҳ (апрел-май) мувофиқи муқаррароти мавҷуда оби ин канал пурра ба дарёи Исфара гардонда мешавад.
Гурӯҳе аз сокинон қаблан шикоят карда буданд, ки бо вуҷуди муқаррарот ҳамасола моҳи апрел чанд бор ба канал об меомад ва ҳавзҳоро аз об пур мекарданд. Аммо имсол бинобар якбора хушк шудани канал мушкили танқисии оби нӯшокаву полезӣ ба миён омадааст.
Ҳалим Ҳоҷиев, муовини сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд гуфт, ҳоло масъалаи обгирӣ дар шаҳри Исфара бо Қирғизистон зери назорат аст. Вай ба “Азия-Плюс” гуфт, дар ин шабу рӯз ба дарёи Исфара 3 куб об ҷорӣ мешавад ва ҳамсояҳо боз аз обанбори Торткӯл 2 куби дигар об партофта истодаанд. Аз ин як кубро қирғизҳо ба канали Масчоҳӣ, ки мавзеи Самарқандаки Бодкандро шодоб мекунанд мегиранд ва боқимондаро ба дарё партофта истодаанд.
“Оби дарё то Исфара ва Конибодом меояд ва ҳоло ҳеч нофаҳмие дар ин масъала нест. Моҳи апрел қирғизҳо аз оби дарёи Исфара танҳо 6% ва моҳи май 4% об мегиранд. Дар ин моҳҳо тақрибан ҳамаи об ба тарафи Тоҷикистон ҷорӣ мешавад”, -гуфт Ҳоҷиев.
Мушкили таъмини об дар ноҳияҳои наздимарзии вилояти Суғд, ки сарчашмаи об аз Қирғизистон меояд давоми чанд сол ба ин тараф мавҷуд аст, вале имсол боз мушкилтар шудааст. Дар пайи хушксолӣ ва то рафт мушкилтар шудани гирифтани об аз ҳамсояҳо ҳамакнун мақомоти тоҷик талош доранд аз вобастагии оби қирғизҳо дар минтақаҳои марзӣ халос шаванд.