Чораи бечорагӣ ё низоми нави ҷалби донишҷӯён ба хидмат чӣ маъно дорад?

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо ирсоли як мактуб ба ҳамаи хатмкунандагони донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон иҷозат додааст, ки ихтиёран имтиҳони хатмро пеш аз муҳлат супорида, ба артиш раванд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Қаблан гуфта мешуд, ки дар пайи ба мушкил мувоҷеҳ шудани иҷрои нақшаи даъват ба артиш дар вилояти Суғд, ин мактуб танҳо ба мактабҳои олии ин вилоят ирсол шудааст.

Аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм гуфтанд, тасмими пеш аз муҳлат супоридани имтиҳони хатм аз ҷониби хатмкунандагон бо талаби худи онҳо сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, бархе донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5 ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисти худ бо ариза муроҷиат карда, хостори хизмат дар артиш шудаанд.

– Дар асоси муроҷиати онҳо комисариатҳои ҳарбӣ ба ҳукуматҳои шаҳру ноҳия ва ҳукумтаи шаҳру ноҳияҳо дар мувофиқа бо ҳукумати кишвар “ҷиҳати пеш аз муҳлат оғоз намудани аттестатсияи хатми донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд, – гуфтанд аз вазорат.

Ин дар ҳолест, ки дар номаи Вазорати маориф ва илм, зикр мешавад, ки онҳо ин тасмимро бар асоси мактуби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон гирифтаанд. Нусхае аз номаи вазорати маориф дар ихтиёри "Азия-Плюс" қарор гирифт, аммо бо вуҷуди талошҳо, мо натавонистем ба мактуби Озода Эмомалӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент дастрасӣ пайдо кунем.

Дар вокуниш ба як матлаби “Азия-Плюс” бо номи "Мушкили аскарӣ дар Суғд. Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон, мактуби Озода Раҳмон ва талошҳои вазорати маориф"  ҳукумати Суғд ҳам навишт, ки баъзе хатмкунандагони вилоят ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир шуда, дар мавриди ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардидан дархост намудаанд.

Онҳо гуфтаанд, то 27 апрел нақшаи даъват дар вилоят 50 дарсад иҷро шуда, “барои ҷалби донишҷӯён – хатмкунандагони муассисаҳои олии вилоят ба хизмати ҳарбӣ ягон амали иҷборӣ сурат нагирифтааст.

– Ёдрас намуданием, ки тибқи қонуни дар боло зикршуда фаъолият дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ танҳо пас аз адои хизмати ҳарбӣ амалӣ мегардад. Аз ин рӯ, баъзе хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир шуда, оиди ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардидан дархост намудаанд, – омадааст дар вокуниш.

Як манбаъ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки нахост аз ӯ ном бибарем ба "Азия-Плюс" гуфт, ки имтиҳоноти қабл аз вақт баъди аз Иди Фитр баргузор мешаванд ва рӯйхати онҳое, ки имтиҳон месупоранду ба хидмат мераванд, аллакай аз сӯйи комиссариатҳои шаҳру ноҳияҳо омода ва ба донишгоҳ ирсол шудааст.

Ин манбаъ мегӯяд, ки далели пас аз имтиҳонҳо ба хидмат бурдани ин афрод он аст, ки онҳо пас аз супурдани имтиҳоноти хатм соҳиби маълумоти олӣ ҳисоб мешаванд ва тибқи қонун як сол хидмат мекунанд.

Зоҳиран ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистон мехоҳанд ин таҷрибаро дар солҳои минбаъда низ дар даъвати баҳорӣ истифода кунанд ва мушкили иҷрои нақшаи даъватро аз ин ҳисоб аз байн бибаранд.

Дар ҳамнн ҳол, бар пайи мушкили иҷро шудани нақшаи даъвати ҳарбӣ дар вилотяи Суғд, ахиран додситони вилоят  Фурқат Хоҷазода бо интиқод аз масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят гуфт, ки 40 дар сад иҷро шудани нақша нигарониҳои Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусалаҳ Эмомалӣ Раҳмонро ба бор овардааст.

Вазорати маориф мегӯяд, пеш аз муҳлат ташкил намудани имтиҳоноти аттестатсияи хатм дар аз бар намудани барномаҳои таълимӣ таъсир намерасонад.

Зоҳиран ба назар мерасад, ки даъвати ҷавонон ба артиш дар кишвар мушкил шудааст. Бархе коршиносон мактуби вазорати маорифро далел меоранд ва таъкид мекунанд, ки интизор меравад бо баҳонаи мактуб донишҷӯён, махсусан хатмкунандагонро иҷборан ба артиш ҷалб намоянд.

Мактуби вазорати маориф ба ҳамаи мактабҳои олӣ дар ҳолест, ки бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиши ҳарбӣ бурдани донишҷӯёни бархе донишгоҳҳои Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр шуда буд, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.

Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд. То ба ҳол беш аз 450 ҷавон бо супоридани пул аз хидмат озод шуданд

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад. Иддаое ки мақомот ҳамеша рад мекунанд ва аз афзудани сафи ихтиёриёни хидмати ҳарбӣ мегӯянд.

Рӯзи 21 апрел Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷро шудани 50 дарсад нақшаи давъати ҳарбӣ дар кишвар хабар дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...