Имрӯз аз даргириҳои мусаллаҳонаи 29-30 уми апрели соли 2021 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳру ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон як сол сипарӣ мешавад.
Дар пайи ин даргириҳои чандрӯза, ки ҳар ду ҷониб якдигарро барои оғози даргирӣ муттаҳам мекунанд, чандин нафар куштаву захмӣ шуд. Тоҷикистон шумораи қурбониёни худро дар ин даргириҳо 19 нафар ва теъдоди захмиёнро беш аз 100 кас гуфт.
Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки 36 шаҳрвандаш дар ин даргириҳо қурбонӣ шудаанд ва теъдоди захмиёнаш ҳам аз 100 нафар болост. Аммо дар пайи ин даргириҳо комиссияи муштараке ташкил нашуд, ки ҳаводисро таҳқиқ кунад ва теъдоди дақиқи кушташудаҳову захмиёнро муайян намояд.
Ин даргириҳо бар пайи мухолифати ҷониби Қирғизистон ба насби камераҳои назоратӣ аз сӯйи Тоҷикистон дар Маркази тақсими об, ки бо номи “Головной” маъруф аст, оғоз шуданд ва ба пурқурбонитарин низои марзӣ дар таърихи низоъҳои марзии на танҳо ду кишвар, балки 100 соли ахири Осиёи Марказӣ табдил шуданд.
“Азия-Плюс” дар солгарди ин ҳаводис ёде аз қурбониён ва шаҳидони дифои марзу номуси кишвар дар ин ҳаводиси хунин кард, ки онҳо кӣ буданд ва дар чӣ шароите кушта шуданд.
1. Салоҳиддин Гадоев, фармондеҳи дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ, дар синни 28-солагӣ охири моҳи апрели соли 2021 дар муноқишаи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар мавзеи деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара ба шаҳодат расид. Ӯ дорандаи рутбаи майор ва зодаи деҳаи Ҷомбахти ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон буда дар оилаи омӯзгор таваллуд шуда буд.
Солҳои 2011-2015 Академияи олии КАМ-и шаҳри Алма-Атои Қазоқистонро таҳсил карда буд. Ду сол дар дидбонгоҳи сарҳадии ноҳияи Ишкошими ВМКБ ва як соли ахир дар дидбонгоҳи марзии Мастчоҳ ба ҳайси қумондон буд. Соҳиби се фарзанд: як духтар ва ду писар аст. Мақомот баъди маргаш яке аз мактабҳои ноҳияи Ховалингро ба номи Салоҳиддин Гадоев гузошта дар шаҳри Душанбе барои ояндаи фарзандонаш хонаи дуҳуҷрагӣ ҳадя карданд.
2.Меҳрӯзиддин Болтаев, сокини ҷамоати Ворух ва духтури яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Исфара буд. Рӯзи 29-уми апрели соли 2021 ҳангоми иҷрои вазифа ва лаҳзаҳои ҳассои муноқишаи хунин дар деҳаи Чорбоғ, наздикии ҷамоати Сурх кушта шуд.
Бино ба нақли пайвандонаш Меҳрӯзиддин баъди хатми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №23-и ҷамоати Ворух ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил мешавад. То анҷоми таҳсил ду соли хидмати ҳарбиро низ ба ҷо меорад. Сипас ба қӯшунҳои сарҳадии Исфара ба ҳайси духтур ба кор медарояд. Меҳрӯзиддин дар синни 35 солагӣ ба шаҳодат расид ва аз ӯ ду фарзанд: як писар, як духтар ятим монданд.
3.Бахтовар Маҳмудов дар 32 солагӣ, рӯзи 29-уми апрели соли 2021 дар мавзеи назди деҳаи Хоҷаи Аъло қурбони тири қирғизҳо шуд. Ӯ сокини деҳаи Сароби ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара аст. Ба нақли пайвандонаш, лаҳзаи шуруъи муноқишаи хунин ҳамроҳи чанд дӯсташ дар мошине ба минтақаи ҷанг раҳсипор мешавад ва дар роҳ мавриди тирборон қарор мегиранд ва аз тири снайпер кушта мешавад.
Аз Бахтовар ду фарзанд, як духтар, як писар ятим монд ва худи ӯ аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ оиларо саробонӣ мекард. Мардуми деҳаи Сароб баъди маргаш ба хотири дастгирии кӯдакони хурдсолаш суратҳисоби бонкӣ кушодаанд.
4. Умедҷон Юсупов, ҷавони 31-сола, деҳқон ва фарзанди калонии хонавода аз ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Ӯ дар наздикии деҳаи Мақсати ноҳияи Лайлак дар роҳи ҳифзи марз кушта шуд. Пайвандони ӯ он замон ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки Умедҷон фарзанди калонӣ ва ноновари хонавода буд. Замони авҷи даргирӣ аз зарби чанд тири қирғизҳо аз қафаси сина ва шикам осеб бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Ӯлмас Юсупов, падари ин ҷавон гуфта буд, ки фарзандаш дар гузашта ба хидмати асакарӣ рафта буд ва дар даргириҳои солҳои 2014-2019 низ бо мошини шахсияш захмиёнро ба беморхона мекашонд. Аммо дар муноқишаи охирон аҳли оиларо ба ҷойи амн интиқол доду худ қурбони даргирӣ шуд. Аз Умедҷон чаҳор фарзанд ятим монд. Дар даргириҳо дар ин ҷамоат 12 нафар аз тири неруҳои қирғиз захм бардошта буданд.
5.Ҳикматулло Маҳкамов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сол дошт. Пайвандонаш гуфта буданд ӯ аз зарби чанд тир дар деҳаи Хоҷаи Аъло ва наздикии Маркази тақсими оби “Головной” ба шаҳодат расид.
Ба гуфтаи пайвандонаш субҳи 29-уми апрел Ҳикматуло барои ҷустани усто барои анҷоми коре аз хона берун мебарояд. Аммо пас аз захми шудан ба модараш занг зада гуфтааст, ба хона баргашта наметавонад ва ҳамин тавр ҷасади ӯро баъди як рӯз пайдо карданд. Ӯ ҳамсар ва се фарзанд: як писару ду духтар дошт.
6.Иброҳим Ҳошимзодаи 26-сола, яккаписари хонавода ва сокини маҳаллаи Навободи ҷамоати Чоркӯҳ буд. Рӯзи 29-уми апрели соли гузашта дар ҳудуди Маркази тақсими оби “Головной” макони аслии даргириҳои хунин кушта шуд.
Вай низ дар қатори даҳҳо нафар сокинои ҷамоат барои ҳимоят аз марзу бум дар шаби хунин кушта шуд ва ҷисми беҷони ӯро ба волидайнаш оварданд. Ҳамсараш бева ва як фарзандаш ятим монданд.
7.Манучеҳр Қаландаров, сокини 40-солаи маҳаллаи Лангари ҷамоати Чоркӯҳ аст. Вай дар айни оғози даргириҳои рӯзи 29-уми апрели соли 2021 дар назди Маркази тақсими оби “Головной” яке аз аввалин қурбониёни ин муноқишаи хунин буд.
Ӯ дар Чоркӯҳ ҷорубфурӯшӣ мекард ва соҳиби се фарзанд, як писар ва ду духтар дошт.
8. Далер Эшонов, 34-сола аз маҳаллаи Холисони ҷамоати Чоркӯҳ ва падари ду фарзанд буд.
Аз ӯ як варзишгари номӣ ва довари хуби бозиҳои футболи минтақа ёд мекунанд. Ба гуфтаи сокинон, рӯзи 29-уми апрел ӯ ва чанд тан аз дӯстони варзишгараш қирғизҳоро дар болои Маркази тақсими оби “Голавной” маҷбур ба оқибнишинӣ мекунанд. Аммо пас аз чанде дар болои пули ин марказ аз зарби чанд тири неруҳои қирғиз кушта мешавад.
9. Ҳасан Шаропов, аз ҷамоати Чоркӯҳ ва устои моҳири дуредгар буд ва дар хонаҳои чӯбин кандакорӣ мекард. Пайвандонаш гуфта буданд, ӯ рӯзи 29-уми апрел дар роҳи ҳифзи марзу бум дар маҳаллаи Сомониён аз зарби як тири снайпер ба қисмати чашми росташ ба ҳалокат мерасад. Оиладор ва соҳиби се фарзанд: ду писар ва як духтар буд.
10. Абдулло Саидов, афсари неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон. Ӯ 21-уми августи соли 1995 дар деҳаи Миёнадараи ноҳияи Нурободи водии Рашт ба дунё омадааст.
Ҳанӯз издивоҷ накарда буд ва дар синни 26-солагӣ ҳангоми дифоъ аз марзи Исфара аз тири снайпери қирғиз ба ҳалокат расид. Пас аз чаҳор рӯзи маргаш ба ӯ рутбаи капитанро додаанд.
Абдулло солҳои 2015-2019 Омӯзишгоҳи ҳарбии Душанберо хатм карда, пасон ба Хадамоти марзбонӣ ба кор дохил мешавад. Фарзанди хурдии хонавода буд ва аз ӯ як ҷавони умедбахш ном мебаранд.
11. Нусратулло Набиев, сарбози қисми марзбонии Чоркӯҳ ва сокини ҳамин ҷамоат. Ӯ ҳанӯз 20 сол дошт ва рӯзи 29-уми апрел дар муноқишаи деҳаи Сомониён ба шаҳодат расид.
12. Ҳасан Акбаров, прапоршики 31-солаи неруҳои марзбонӣ ва сокини деҳаи Аловуддини ноҳияи Фархор. Ӯ рӯзи 29-уми апрел ҳангоми муҳофизати раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки аз китфаш тир хурда буд, аз тири снайпери неруҳои қиғиз кушта шуд. Ҳодиса дар наздикии Маркази тақсими оби “Головной” рух дода буд.
Ҳасан соҳиби ҳамсару ду фарзанд буд ва аз соли 2011 дар сафи неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон хидмат мекард ва чаҳор сол пештар ӯро аз Душанбе ба Чоркӯҳи Исфара фиристода буданд. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба волидайни ӯ ваъда дода буд, ки ба фарзандони марҳум манзили истиқоматӣ бо тамоми шароити зист сохта медиҳад.
13.Ҳакимбой Ниёзов, сокини 39 солаи маҳаллаи Ибод Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳ, рӯзи 28-уми апрели соли 2021 аз зарби чанд тири автомати неруҳои қирғиз ба ҳалокат мерасад. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ дар болотари қисми низомии Чоркӯҳ шаҳид шуд. Бо тиҷорат машғул буд ва яке аз сокинони фаъоли мулкӣ буд, ки вазъ дар марзро назорат мекард ва ҳамдеҳагонро аз ҳодисаҳо саривақт бохабар мекард.
Баъди маргаш се фарзандаш ятим монданд.
14. Ҷасур Сиярқулов, прапоршики 28-сола, бегоҳии рӯзи 29-уми апрел дар муноқишаи хунин дар марзи миёни ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлаки Бодканд ҳангоми адои вазифаи хидматӣ кушта шуд. Аз ҷамоати Ғазантарак, деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич буда, баъди адои хидмати ҳарбӣ аз соли 2017 аввал дар қисми ҳарбии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, баъдан дар ноҳияи Панҷ ва расо як сол пеш аз маргаш, моҳи апрели соли 2020 ба қисми ҳарбии деҳаи Овчӣ-Қалъача ба ҳайси прапоршик ба кор омада буд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлол ба Ҷасур Сиярқулов, пас аз марг ордени Спитамен дараҷаи II дод ва ҳамзамон гузаре дар ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич ба номи ӯ гузошта шуд.
15.Аслиддин Абдузамонов, сарбози 20-солаи неруҳои марзбонӣ ва зодаи ноҳияи Нуробод. Вай якуним сол пеш аз муноқишаи хунини 29-уми апрел ба аскарӣ даъват шуда, дар қисми ҳарбии Хоҷаи-Аълои Исфара хидмат мекард.
Ба иттилои расонаҳо неруҳои қирғиз ба ноҳияи чашми Аслиддин аз снайпер тир мекушоянд ва ӯ ҳангоми даргириҳо ба ҳалокат мерасад.
16.Некрӯз Ғафурзода, капитани неруҳои марзбонӣ, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода, зимни дифоъ аз марз дар муноқишаи марзи миёни Чоркӯҳ ва Бодканд дар 28-солагӣ ба шаҳодат расид. Ӯ соҳиби се фарзанд буд.
Пас аз маргаш моҳи октябри соли 2021 мақомот муассисаи таълимии рақами 37-и деҳаи Даҳбедро ба номи Некрӯз Ғафурзода гузоштанд.
17. Нозим Каримов, сокини шаҳри Конибодом дар муноқишаи рӯзи 29-уми апрел дар марзи миёни Хистеварзи Бобоҷон Ғафуров ва Лайлаки Бодканд аз суйи қирғизҳо ба шаҳодат расид.
18.Собир Ваҳҳобов, 51-сола ва сокини маҳаллаи Лангари ҷамоати Чоркӯҳи Исфара. Пайвандонаш гуфтанд, ӯ рӯзи 29-уми апрел дар деҳаи Хоҷаи Аъло, ҳудуди Маркази тақсими оби “Голавной” аз қафаси сина тир хӯрда ба шаҳодат мерасад.
Ваҳобов дар деҳа кафшергарӣ мекард ва ба муҳоҷирати Русия рафта аз пушти ҳунараш оиларо саробонӣ менамуд. Падари як писар, ду духтар ва бобои ду набера буд.
19. Маҳмадулло Раҷабзода, сокини 26-солаи ноҳияи Муъминобод. Сокини деҳаи Хосабойӣ, ҷамоати деҳоти Нуроншо Назаров. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва дар гурӯҳи таъиноти махсуси гвардияи миллӣ хидмат карда буд ва пас аз он соҳиби рутбаи афсарӣ шуд. Баъдан то замони кушта шуданд 2 сол дар вилояти Суғд хидмат карда буд.
Ҳанӯз издивоҷ накарда буд, арӯсро фотеҳа ва ба номзадаш ангуштарӣ ҳам бурда буданд. Ният дошт тобистони соли 2021 хонадор шавад. Падараш устои дуредгар ва дар ноҳияи Муъминобод зиндагӣ мекунад. Дар хонавода 9 нафар будаанд, ки баъди кушта шудани Маҳмадулло 8 нафари дигар дар хонавода мондаанд.
Пас аз даргириҳои хунини моҳи апрели соли гузашта низ, даргириҳои марзӣ миёни ду кишвар чанд бори дигар ҳам рух доданд, ки мутаассифона дар ин даргириҳо ҳамеша Тоҷикистон қурбонӣ дошт, ки боз 4 шаҳрванди худ – ду низомиву ду шаҳрванди мулкиро аз даст дод. Дар ин баробар беш аз 10 нафари дигар захмӣ шуда буд.
Аз ҷумла Абдулатиф Шарифов ронандаи мошини Ёрии таъҷилии Беморхонаи марказии Исфара, шаби 27-уми январи имсол ҳангоми кашондани захмиён дар минтақаи Хоҷаи Аъло кушта шуд. Мошини ӯро неруҳои қирғиз бо тири миномиёт ҳадаф қарор доданд ва ин амалкарди ҳамсояҳо боиси танқиди тунди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Шарифов 62 сол умр дошт, соҳиби 6 фарзанд ва 14 набера буд.
Шаби 27-уми январ ҷасади Обидҷон Туйчиев, сокини 58-солаи деҳаи Хоҷаи Аълоро пайвандонаш дар саҳни ҳавлияш оғӯшта ба хун дарёфтанд. Пайвандонаш гуфтанд, он шаб ба саҳни ҳавлии Обидҷон ду гулӯла меафтад ва дар натиҷаи таркиши он ӯ дар зери девори хона ба ҳалокат мерасад. Тӯйчиев соҳиби панҷ фарзанд буд, ки онҳоро бо кори деҳқонӣ саробонӣ мекард.
Сунатулло Маҳмудов, сарбози 21-солаи неруҳои марзбонӣ 10-уми марти соли 2022 дар пайи муноқишаи қирғизҳо дар марзи Чоркӯҳи Исфара кушта шуд. Ӯ зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон буд. Ин сарбози шаҳид як моҳ қабл аз тамом шудани давраи хидматаш кушта шуд. Баъди маргаш охири моҳи март мактаби миёнаи №3-и деҳаи Аралро, ки Сунатулло дар ин ҷо таваллуд шудааст ба хотири эҳтиром ба қаҳрамониҳояш ба номи ӯ гузоштанд.
Охирин қурбонии марзии Тоҷикистон Зоир Саидумарови 27-сола сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон буд. Умаров дар даргирии 12-уми апрел, дар марз дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуро ва Борбордуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон кушта шуд.
Зоир Саидумаров ҳам дар даъвати баҳории соли 2020 ба хидмат рафта буд ва ҳамагӣ чанд рӯз пас аз маргаш муҳлати хидматаш ба поён мерасид. Сержант Зоир Саидумаров аз қафаси сина ва шикамаш тир хӯрда буд.
Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" дар солгарди даргириҳои хунини марзӣ, бори дигари ба тамоми хонаводаҳои шаҳидони марзи номуси Ватан изҳори ҳамдардӣ мекунад ва барои хонаводаҳои муҳтарами ин неруҳои далери сангарҳои доғи марзи кишвар дар ин мусибати сахти ҷонгудозу ҷуброннопазир сабру шикебойӣ мехоҳад.
Ҷойи шаҳидони Ватан биҳишт ва кору номашон гиромӣ бод!