Як дастаи низомиёни Тоҷикистон чанде пеш ҷиҳати иштирок дар Озмуни байнулмилалии “Десанти баҳрӣ-2022” ба шаҳри Калинингради Русия рафтанд.
Тавре ки дафтари матбуоти Ҳавзаи ғарбии ҳарбӣ хабар медиҳад, озмун дар доираи Бозиҳои байнулмилалии ҳарбӣ дар машқгоҳи “Хмелевка”-и Флоти Балтика аз 13 то 27 август баргузор мешавад.
Дастаҳои низомиён аз Венесуэла, Осетияи Ҷанубӣ, Эрон ва Гвинея низ чанде пеш ба ин ҷо омада буданд.
Гуфта мешавад, ҳайати дастаҳо пас аз гирифтани силоҳ ва техникаи ҳарбӣ бо қитъаҳои роҳе, ки тай мекунанд, масофаи он ва ҳадафҳое, ки бояд онҳоро нобуд кунанд, аз наздик шинос мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, тибқи қоидаҳои озмуни байнулмилалӣ, иштирокчиён бояд зиёда аз 50 монеаҳоро дар чор марҳила тай кунанд. Масофаи умумии роҳ бо монеъаҳо ҳудуди 7 километрро ташкил медиҳад.
Зикр мегардад, ки ҳамчунин бо десантчиёни баҳрӣ ҳам ба таври инфиродӣ ва ҳам дар ҳайати даста машғулиятҳои гуногун гузаронида мешаванд.