Душанбе, пойтахти Тоҷикистон 18-19 октябри соли ҷорӣ мизбони як конфронси байнулмиллалӣ дар робита ба мубориза бо тероризм мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки конфронс зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз интиқоли террористҳо” баргузор мегардад.
Ба итилои манбаъ роҷеъ ба тадорукоти конфронси мазкур 22 август Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии кишвар дар СММ бо Владимир Воронков, муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ дидор ва гуфтугӯ кардааст.
Нишасти мазкур дар ҳоле баргузор мешавад, ки коршиносони минтақавӣ ва расонаҳои гуногун аз интиқоли нерӯҳои зиёди ҳарбии Толибон* ба сарҳади Тоҷикистон ва эҳтимоли ҳуҷуми гурӯҳҳои ҷангӣ хабару гузоришҳо нашр мекунанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст