Тибқи радабандӣ (рейтинг)-и Global Peace Index, Афғонистон соли чорум пайдарҳам ноамнтарин кишвар дар ҷаҳон эътироф мешавад. Аз соли 2019 ин кишвар дар радабандии сатҳи амният зинаи охирро ишғол мекунад, хабар медиҳад Фергана.
Радабандии Global Peace Index ҳамасола аз ҷониби ҷомеашиносон ва иқтисодчиёни гуруҳи байнулмилалии коршиносони Пажуҳишгоҳи сулҳ дар ҳамдастӣ бо Маркази сулҳ ва омӯзиши низоъҳои Донишгоҳи Сидней таҳия мешавад.
Барои тартиб додани индекси ҷамъбастӣ коршиносон нишондиҳандаҳои зеринро мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд:
– низоъҳои дохилӣ ва берунӣ, шиддати онҳо ва теъдоди қурбониён;
– муносибат бо кишварҳои ҳамсоя;
– ҳиссаи гурезаҳо байни аҳолӣ;
– сатҳи нобоварӣ байни шаҳрвандон;
– ноустувории сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ;
– террори сиёсӣ;
– фосилаи рух додани амалҳои террористӣ;
– шумори кушторҳо ба 100 ҳазор нафар;
– теъдоди маҳбусон;
– ҳиссаи ҷиноятҳои вазнин;
– теъдоди хизматчиён дар сохторҳои қудратӣ;
– ҳиссаи хароҷоти ҳарбӣ нисбат ба ММД;
– воридот ва содироти аслиҳа ва муҳимот;
– иштирок дар воҳидҳои СММ ё дигар неруҳо;
– дастрасӣ ба силоҳи оташфишон ва шумори силоҳу муҳимоти вазнин;
– таҷдиди қувваҳои мусаллаҳ.
Тибқи маълумоти соли 2022, аз 163 кишвари ба радабандӣ шомилшуда Афғонистон зинаи охирро ишғол мекунад. Русия дар мақоми 160-ум ҷойгир шудааст. Украина, ки қувваҳои мусаллаҳи Русия аллакай шаш моҳ дар он амалиёти махсуси ҳарбӣ мегузаронанд, зинаи 153-умро ишғол кардааст. Ҳар се кишвари зикршуда дар гуруҳи ноамнтарин давлатҳо қарор доранд.
Туркманистон дар зинаи 104-ум, Қазоқистон – 97, Тоҷикистон – 92, Қирғизистон – 91 ҷойгир буда, Ӯзбекистон амнтарин кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ (зинаи 86-ум) дониста шудааст.
Қобили зикр аст, ки ҳамаи кишварҳои пасошӯравии минтақаи Осиёи Марказӣ нисбат ба давлатҳое чун Исроил, ИМА ва Туркия амнтар дониста шудаанд.
Се зинаи аввали радабандиро Исландия, Зеландияи Нав ва Ирландия ишғол кардаанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.