Дар натиҷаи тирпарронии имрӯза, дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, 1 марзбони тоҷик кушта, 5 нафари дигар бо ҷароҳати гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар ин бора аз беморхонаи ҷомоати деҳоти Ворух ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол дар бораи талафоти ин тирпарронӣ иттилоъ намедиҳанд.
Расонаҳои қирғизӣ менависанд, ки айни ҳол вазъ дар марз муташанниҷ буда, аз ҷониби марзбонони Қирғизистон касе осеб надидааст.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, тақрибан соати 07:15 дар мавзеи наздисарҳадии “Кех”-и ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҷониби сарҳадбонони Қирғизистон ба сарҳадбонони тоҷик ҳамла сурат гирифт.
Ҳоло музокироти ҷонибҳо ҷараён дорад.
Хабар такмил мешавад.