spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Партоби мушак аз Қирғизистон ё таркиши норинҷаки қаблан партофтшуда? Дар Чоркӯҳ чӣ гузашт?

Тақрибан соати 10:30-и субҳи имрӯз, 26-уми сентябр, дар наздикии мактаби миёнаи №64-и деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара, ки бо вилояти Ботканти Қирғизистон ҳаммарз аст, садои тирпаронӣ шунида шуда, дар натиҷаи таркиши як норинҷак сокини деҳаи Сомониён захмӣ шудааст.

Ду манбаи “Азия-Плюс” аз сокинони маҳаллӣ бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, имрӯз, дар назди мактаби №64 тақсими кӯмакҳои ҳукумат ба сокинони зарардида ва ҳашари барқароркунии хонаҳои харобшуда ҷараён дошт, ногаҳон як норинҷак дар миёни аҳолӣ таркид ва дар натиҷа, писари муаллими деҳаи Сомониён аз пояш захмӣ шуд.

“Бахтиёр Олимов, писари омӯзгор Олимҷон Орифов захми сабук бардошт. Ӯро ба беморхона бурданд. Кормандони мақомоти қудратии мо гуфтанд, норинҷак аз сӯйе ҳаво дода нашуда, пасмондаи муноқишаи 14-18-уми сентябр аст, ки нав кафид”,- гуфт як сокини маҳаллӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.

Неъматҷон Олимов, амаки Бахтиёр Олимов, нафари маҷруҳшуда, ки шоҳиди ҳодиса буд, дар суҳбат бо мо афзуд, воқеан, садои тир ва таркиши норинҷак шунида шуд, вале кормандони шуъбаи корҳои дохилии Чоркуҳ гуфтанд, ин тирҳо ва мушакҳои қаблан аз ҷониби Қирғизистон партофтшуда аст, ки акнун таркид.

“Аҳолӣ барои барқарор кардани хонаҳои зарардида ва тақсими кӯмакҳои ҳукумат ба ҳашар баромада буданд. Тақрибан соатҳои 10:00 то 11:00-и субҳ дар мавзеи таги садаи деҳаи Сомониён садои тир шунида шуда, дар натиҷаи таркиши мушак пойи ҷияанам захмӣ шуд. Кормандони мақомот аҳолиро гуфтанд, мавзеи мазкурро тарк кунанд. Ҳама рафтанд. Ҳоло вазъ ором аст”, – зикр кард Олимов.

Номбурда гуфт, ҳоло дар ҷойи ҳодиса кормандони мақомот қарор доранд ва гуфтанд, пагоҳ аҳолӣ метавонанд ҳашарро давом диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дар суҳбат бо “Азия – Плюс” гуфт, дар бораи партоби норинҷак ё мушак хабар надорад ва танҳо дар расонаҳо фаҳмидааст, ки гӯё ба деҳаи Сомониёни Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон мушак партоб шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи хотима бахшидани муноқишаи марзиро имзо карданд

Хабари садои таркиш дар маҳалли Смониёни ҷамотаи деҳоти Чоркуҳ дар ҳолест, ки дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон, ки рӯзҳои 14-18-уми сентябр рух дод, аз ҷониби Тоҷикистон дар маҷмӯъ 41 нафар кушта ва беш аз 200 нафар захмӣ шуданд. Ҳамин тариқ, садҳо хона ва иншоотҳои маишиву хизматрасонӣ пурра ва қисман вайрон шуданд.

Ҷониби Қирғизистон аз кушта шудани 59 нафра хабар дод.

Бо вуҷуди созишномае, ки 19-уми сентябр байни роҳбарони КДАМ-и ду кишвар дар мавриди суботи авзоъ ва дур кардани нерӯҳо аз хати марз ба имзо расид, таниши лафзӣ дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар давом дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...