spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Чӣ гуна дар Тоҷикистон аҳолиро аз офатҳои табиӣ ҳифз мекунанд?

Дар Душанбе Барномаи миёнамуҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028 ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2023-2025 рӯнамоӣ шуд. Мо аз ҷузъиёташ огаҳӣ ёфтем.

Рӯзи 28 феврал дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати ҷонишини аввали раиси Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо, сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу ҷаласаи муштараки Платформаи миллии ҶТ оид ба коҳиши хатари офатҳо ва Гурӯҳи вокуниши сареъи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар ҳолатҳои фавқулодда (Гурӯҳи РЕАКТ) баргузор шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рустам Назарзода ва Сезин Синаноглу

Дар ин ҷаласа барномаи дар боло зикршуда рӯнамоӣ шуд. Аз ҷузъиёти он ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ, генерал Ҷамшед Камолзода маълумот дод.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Тоҷикистон офати табиӣ зиёд, аммо хисорот кам шудааст

“Соли 2015 Барномаи қолабии коҳиши офатҳои табиии Сендай қабул шуд. Ба ҳамаи давлатҳо тавсия дода шуд, ки оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ стратегияҳои миллии дахлдор қабул кунанд.

Дар доираи иҷрои ин уҳдадориҳо соли 2018 Тоҷикистон Стратегияи милии коҳиши хавфи офатҳоро барои солҳои 2019-2034 қабул кард”, – гуфт Камолзода.

Рӯзи 29 декабри соли гузашта Барномаи миёнамуҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028 қабул шуд.

“Дар он ҳолатҳои марбут ба офатҳои табиӣ, мушкилоте, ки эҳтимол дар давраи миёнамӯҳлат ба амал оянд ва тадбирҳое, ки кишвари мо бояд ҷиҳати коҳиш додани хисорот аз ин офатҳо ва рафъи талафоти ҷонӣ андешад, зикр мешавад”, – шарҳ дод вай.

Афзалиятҳои барнома:

– огаҳии аҳолӣ аз коҳиши хавфи офатҳо;

– бунёди чаҳорчӯбҳои тадорукотии ҳуқуқӣ барои ин низом;

– ҷалби сармоягузории беруна аз созмонҳои байнулмилалӣ ва аз буҷети давлатӣ барои ҳалли масоили сохтмони ба зилзила тобовар;

– омода кардани аҳолӣ ба вокуниш оид ба ҲФ. Дар он пеш аз ҳама, омодакунии наҷотдиҳандагон ва мақомоти ҳамаи зинаҳо пешбинӣ шудааст.

“Баргузории натанҳо машқу тамринҳо, балки тағйири баъзе қонунҳо, қабули санадаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии нав, роҳандозии омӯзиш дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактабҳо дар назар аст. Ҳамчунин технологияҳои нави иттилоотӣ-коммуникатсионӣ истифода ва замимаҳои махусуси мобилӣ таҳия мешаванд”, – мегӯяд мутахассис.

Ба гуфтаи ӯ, ба масоили фарогирӣ (инклюзивӣ) таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд, то ки “ҳамаи қишр аҳолӣ ҷалб шавад”: маъюбон, шахсони калонсол, занону кӯдакон.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
КҲФ: дар зарфи 1 шабонарӯз дар Тоҷикистон 69 ҳодисаи тармафароӣ ба қайд гирифта шуд

“Ҳамаи ин барои он анҷом дода мешавад, ки одамон чӣ гуна амал карданро дар ягон ҳолати фавқулода донанд”, – зикр кард Ҷамшед Камолзода.

Барнома ба ду давра ҷудо шудааст”: якумаш барои солҳои 2023-2025 ва дуюмаш – солҳои 2026-2028. Ду нақшаи амал қабул карда мешаванд.

Нақшаи аввал аллакай то соли 2025 тасдиқ шудааст.

Нақшаи дуюм барои тасдиқ омода мешавад.

“Дар маблағгузорӣ ба барнома ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, маблағҳоои созмонҳои байнулмилалӣ пешбинӣ гардида, инчунин ҷудо шудани маблағҳо аз буҷет низ ба нақша гирифта шудааст”, – иброз дошт мутахассиси КҲФ.

Аҳолиро чӣ гуна омода мекунанд?

Ба гуфтаи Ҷамшед Камолзода, соли гузашта дар доираи Рӯзи байнулмилалии коҳиши хавфи офатҳо (13 октябр) оид ба огаҳии аҳолӣ чорабиниҳо гузаронида шуданд.

Зимни намоиши гузоришҳо дар ин хусус дар телевизиону радио,  нашри мавод дар газетаҳо ва баргузории чорабиниҳо дар мактабҳо тарзи амал дар ҳолатҳои фавқулода шарҳ дода шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Инчунин дар ҳамдастӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ таҳти унвони Shake out чорабиниҳои гузаронида мешаванд, то ки кӯдакон ҳангоми заминҷунбӣ ба кӯчидан омода бошанд”, – зикр кард Камолзода.

Барои аҳолии калонсол Маркази махсуси таълимӣ-методӣ амал мекунад, ки дар он машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

“Ҳайати раҳбарӣ ва инчунин шахсоне, ки ба ин равандҳо ҷалб нестанд, ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Ин ҷо гурӯҳҳои ихтиёрӣ байни калонсолон ҳастанд, ки то расидани хадамоти асосии касбӣ бояд чорабиниҳои аввалиндараҷаро гузаронанд. Ба ин монанд марказҳо дар Кӯлоб, ВМКБ, Хатлон, Суғд, Ғарм, Рашт ва ғайра амал мекунанд”, – мегӯяд ӯ.

– Дар Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ кадом офатҳои табиӣ дар назар дошта шудааст?

– Барои ин офатҳои тайи 20 соли ахир рухдода, ки бештар зиён меоваранд, аз ҷумла заминларза, фаромадани ярчу тарма ва сангреза, обхезӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.

– Он барои чӣ пешбинӣ шудааст?

– Марҳилаи аввали Барномаи миллӣ бештар ба масоили зерсохтор равона мегардад: сохтмони бинои нави маркази таълимӣ-методӣ. Айни замон дар ноҳияи Шаҳринав сохтмони Маркази омодакунии мутахассисон-наҷотдиҳандагон идома дошта, бунёди Маркази идоракунии вазъиятҳои буҳронӣ оғоз шуд.

Ҳамчунин сохтмони Маркази нигаҳдории муваққатии гурезаҳо, аз ҷумла осебдидагон аз ҳолатҳои фавқулода ба нақша гирифта шудааст.

Барномаи нави миёнамуҳлат барои солҳои 2023-2028 бештар ба омода кардани аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи огаҳии он нигаронида шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...