Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала мо ду моҳ инҷониб талош дорем. Пас аз фоҷеа дар Туркия дар Тоҷикистон санҷиши густардаи биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти сохтмон оғоз шуд. Таври маълум, аввал ҳуҷҷатҳо санҷида шуда, айни замон ҳолати физикии бинову иншоот мавриди санҷиш қарор дорад.
Рӯзи 22 феврал Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки сатҳи ба заминҷунбӣ тобоварии биноҳои навсохтро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар месанҷад.
Санҷиши аввал (ҳуҷҷатҳои бинокорон) ҳоло ба охир нарасидааст. Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба “Азия-Плюс” ваъда дода буд, ки натиҷаҳои аввалро пас аз ҷашни Наврӯз пешниҳод мекунад, лекин то ҳол онҳо пешниҳод нашудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳозир ҳамзамон санҷиши техникии биноҳои навбунёд (ҳамроҳ бо Прокуратураи генералӣ) оғоз гардида, дар ҷараёни он бо ёрии склерометр сифат (мустаҳакамӣ)-и бетон санҷида мешавад ва ҳамчунин намунаҳои бетон дар лабораторияҳо аз озмоиш гузаронида мешаванд.
Склерометр/Сахтисанҷ – дастгоҳи лазерие мебошад, ки барои муайян кардани сахтӣ (мустаҳкамӣ)-и маводу масолеҳ истифода мешавад.
Нӯги дастгоҳ (склерометр) ба як қитъаи муайяни бетон гузошта шуда, он тамға (марка)-и бетонро месанҷад. Дар шаҳри Душанбе сифати бетон дар биноҳои нав вобаста ба миқёси иншооти сохтмон бояд М 200 (ба ҳеҷ ваҷҳ на пасттар аз ин) ё М 300 бошад.
«Санҷиши ҳозира барои он лозим аст, ки то куҷо ба ҳақиат мувофиқ будани ҳуҷҷатҳои бинокорон санҷида шуда, ба он эътимод ҳосил шавад”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Кумита.
Кӣ месанҷад ва кӣ ба истифодааш иҷоза медиҳад?
Ҳайати комиссияи махсуси санҷишӣ аз муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон (раиси комиссия), намояндагони Раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироии Кумита, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумита, Институти геология ва зилзилсанҷии Академияи миллии илмҳо, инчунин кормандони КВД “Пажуҳишгоҳи сохтмон ва меъморӣ”, КВД “Лоиҳакаш” ва Раёсати ғайриидоравии давлатии ташхиси ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ иборат аст.
Вобаста ба таъиноти иншооти мавриди сохтмон қарордошта ба маъқул шуморидан ё қабули иншооти сохтмон (аз ҳисоби буҷети кишвар сохташуда) комиссияи давлатӣ машғул аст, ки ба ҳайати он, аз ҷумла Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони назди Кумита ва Раёсати ғайриидоравии давлатии ташхиси ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии назди он шомиланд.
Масалан, агар мактаб сохта шавад, ба ҳайати комиссияи давлатӣ инчунин намояндагони Вазорати маориф ва илм дохил мешаванд. Агар ин иншооти хусусӣ (бинои истиқоматӣ, дафтари корӣ) бошад, дар ин сурат гурӯҳи кории махсус таъсис дода шуда, ба ҳайати он намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, лоиҳакашон, бинокорон ва фармоишгарон шомил мешаванд.
Ин ҷо саволе ба миён меояд: дар сурати ошкор шудани камбудиҳо дар санҷиши ҳозира, кӣ масъул хоҳад буд (ба ҷуз ширкати сохтмон)? Онҳое, ки замоне иншооти мазкурро қабул карда буданд, масъулият доранд?
Зеро дида мешавад касоне, ки ҳозир ба зилзила тобовар будани биноҳоро санҷида истодаанд, замоне барои ба истифода мувофиқ будани онҳо хулосаҳои худро дода буданд.
Ва боз саволи аҷиби дигар: усулан ҳамин комиссияе, ки медонад дар вақташ ин иншоотҳоро худаш ҳамчун коршоям қабул карда буд, акнун ин камбудиҳоро “ошкор мекунад”?
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба «Азия-Плюс» дар ин робита гуфтанд, агар маълум шавад, ки ҳангоми сохтмон ба баъзе камбудиҳо роҳ дода шудааст ва ё иншоот умуман ба меъёр ҷавобгӯ нест, масъулият ба дӯши фармоишгар, лоиҳакаш ва ширкати бинокор вогузор мегардад.
Дар бораи бори масъулияти мақомоти санҷишӣ ин ҷо чизе нагуфтанд…
Ширкатҳои сохтмон аз ҷаримаҳои беасос шикоят мекунанд
Намояндагони ширкатҳои сохтмон, ки “Азия-Плюс” бо онҳо суҳбат кард, дархост намуданд, ки ному насабашонро ифшо накунем. Зеро санҷишҳои оғозшуда ҷаримаҳои бузурги беасос … ва санҷишҳои такрориро дар пай доранд.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” бинокорон шарҳ доданд, замони шӯравӣ мутахассисони соҳаи сохтмон ёрии амалӣ мекарданд. Агар дар лоиҳа ё сохтмон камбудӣ ё хато ҷой медошт, онҳо барои ислоҳу бартараф намудани он машварату муҳлат медоданд Агар камбуду хатогиҳо ислоҳ намешуданд, танҳо пас аз ин тадбирҳои дахлдор рӯйи даст гирифта мешуданд.
“Ҳозир бошад, танҳо ҳуҷҷатҳоро месанҷанд ва агар ҳатто як камбудии ночиз ҳам ёбанд, дарҳол санад тартиб дода, аз 5 то 13 ҳазор сомонӣ ҷарима мекунанд. Ширкатҳоеро ҷарима мекунанд, ки ба сифати кори худ эътимод доранду омодаанд то охир аз ҳама санҷишу озмоишҳо гузаранд. Ҳозир бинокоронро бо санҷишҳои бемаънои коғазҳо азоб медиҳанд”, – гуфт ба “Азия-Плюс” намояндаи яке аз ширкатҳои сохтмон.
Онҳо баъзе ҷузъиёти корро шарҳ доданд.
Вақте ки лоиҳа таҳия мешавад, он 5 қисмро дар бар мегирад: 1) Меъморӣ; 2) Сохтор (конструксия); 3) Низоми гармидиҳӣ; 4) Таъминот бо барқ ва 5) Таъминот бо оби нӯшокӣ ва обу корез (канализатсия).
Ҳангоми баррасии лоиҳа қисмҳои меъморӣ ва тарҳрезӣ (сохтор) санҷида мешаванд, ки лоиҳакашон асар вақт ба онҳо тағйирот ворид мекунанд. Ва агар, масалан, лоиҳакаш дар бахши меъморӣ маълумотро дар бораи зинапояи беруна тағйир дода бошад ва инро дар қисмати сохтор (конструксия) нишон надиҳад, пас агар назоратчиён ин фарқиятро пайдо кунанд, баъди санҷиш иншооти аллакай сохташуда ҷарима мешавад.
Бинокороне, ки хабарнигори “Азия-Плюс” бо онҳо суҳбат кард, шикоят карданд, ки дар санҷишҳои ҳозира комиссия ба онҳо маҳз ба чунин камбудиҳо ишора мекунанд. Лекин онҳо ба бехатарӣ аз заминларза муносибат надоранд. Ба гуфтаи онҳо, сохтор ва мустаҳкамии дохили биноҳо, ки ба бехатарӣ аз заминларзза ҷавобгӯянд, муҳим аст, на сохторҳои беруна.
“Дар рафти иҷрои лоиҳа сохтмони сохтори беруна ба тарзе, ки дар ҳуҷҷат (лоиҳа) нишон дода шудааст, ғайриимкон аст. Аммо санҷишгарон ҳозир маҳз барои ҳамин бархе аз ширкатҳои сохтмонро ҷарима мекунанд”, – мегӯяд яке аз мутахассисон.
Мисоли дигар.
Ширкати сохтмон лоиҳаи биноро ба КВД “Лоиҳакаш” (ширкати давлатие, ки дар соҳаи меъморӣ, лоиҳакашӣ ва тарроҳӣ хидматрасонӣ мекунад) фармоиш дод.
КВД дар лоиҳа метавонад кадом як иншооти ҷудогона дар намо (фасад) ё таркиберо, ки ба бехатарӣ аз зилзила дахл надорад, нишон надиҳад, лекин дар айни замон масалан, бехатарии сӯхтор, ҳаракат, логистика ва гайраро беҳтар мекунад. Дар ҳамин ҳол, ширкати бинокор комилан ҳуқуқ дорад, ки берун аз лоиҳа ин қисмат (таркиб)-ро созад ва дар ҳуҷҷатҳои қабули супурдани иншоот онро нишон диҳад.
Ба ин тариқ. “Дар оғози лоиҳакашӣ ҳоло то иҷрои лоиҳа мо бо дастури КВД “Лоиҳакаш” зинапояҳо берунаро барои дохил шудан ба биноҳои поён нишон надодем. Ин дар лоиҳа набуд, – мегӯяд яке аз сохтмончиён. – Лекин мо бо салоҳдиди худ бо мақсади бехатарии сӯхтор ва равуои хубтар зинапояҳои иловагии беруна сохтем. Баъдан санҷишгарон аз раёсати шаҳрӣ омада, моро маҷбур карданд, ки “барои дидаву дониста вайрон кардани талаботи сохтмон” 8 ҳазор сомонӣ ҷарима супорем. Мо ҷаримаро пардохт кардем. Мансабдорон бо техникаи худ омада, зинапояро канданд”.
Ҳоло баъд аз заминларза дар Туркия ва Тоҷикистон, мақомоти санҷишии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон (аъзои ҳамон комиссия) ин ширкатро маҷбур мекунанд, ки боз як ҷаримаи дигар пардохт кунад. Акнун барои он, ки дар иншоот сохтори харобшуда (ҳамон зинапояи беруна) мавҷуд аст ва дар ҳамин ҳол, шарҳ медиҳанд, ки ӯ комилан ҳақ дошт онро ба хотири бехатарӣ аз сӯхтор боқӣ гузорад. Акнун ба ӯ аз ҷониби комиссия 25 ҳазор сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад…
Боз як ҳолати дигар
Вақте ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба оғози сохтмон иҷоза медиҳад, муҳлати амали ин ҳуҷҷат муқаррар карда намешавад.
Ба гуфтаи яке аз соҳибкорони пойтахт, барои оғози сохтмон ӯ ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурии иҷозатномавиро аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гирифтааст, лекин пас аз анҷоми иҷрои лоиҳа, аз раёсати маҳаллии шаҳр ба назди ӯ омада гуфтаанд, ки он иҷозатномаро эътироф намекунанд.
“Бо баҳонаи ба охир расидани муҳлати амали ҳуҷҷат мақомоти маҳаллӣ ҳуҷҷатҳои моро эътироф накарданд. Дар ҳуҷҷат муҳлати то кай амал доштан нест, лекин маълум шуд, ки он ба муҳлати як сол дода мешудааст, вале мо намедонистем ва сохтмони мо аллакай ба охир расидааст. Акнун ҷарима мекунанд”, – изҳори норозигӣ мекунад бинокор.
“Пас аз заминҷунбӣ санҷишгарон мехоҳанд, ки ба онҳо ба мисли кадом як султон ё подшоҳ муносибат кунем. Агар кадоме аз кормандон ба онҳо мухолифат кунад, онҳо ба қасогирӣ оғоз мекунанд”, – шикоят мекунад яке аз кормандони ширкати сохтмон.