Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Мақомот тоҷикони дар ҷанги Русияву Украина ширкатдоштаро рӯйхат мекунанд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мақомот тоҷикони дар ҷанги Русияву Украина ширкатдоштаро рӯйхат мекунанд

43
43

Ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи якҷояи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон мавзӯи ҷалби тоҷикон ба ҷанги Русияву Украина баррасӣ шуда, мақомот ба таҳияи рӯйхати он шаҳрвандоне шурӯъ кардаанд, ки аз ҷониби Русия ё Украина дар ҷанги миёни ду кишвар иштирок доранд.

Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба чанд манбаи худ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ин тасмим, пас аз даъват ба таъсиси “баталйони тоҷикӣ” аз ҷониби Михаил Матвеев, вакили порлумони Русия, ҷиддӣ гирифта шудааст.

Ӯ бо нидои “Баталйонҳои тоҷикон куҷоянд?” суол гузошт, ки “Чаро муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар доираи сафарбарии ҷузъӣ ба минтақаи амалиёти махсус даъват намешаванд?” Ин даъвати ӯ байни ҷомеа баҳси тундеро ба миён овард.

“Дар ҷаласа ба хулоса расиданд, ки минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби Русия ё Украина дар ҷанг иштирок мекунанд, рӯйхат шаванд. Ба монанди онки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Сурияву Ироқ рафта буданд. Гуфта шуд, ки нисбат ба онҳо барои иштирок дар ҷанги кишварҳои хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ боз шавад”,—гуфтааст яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, ки нахост номаш зикр шавад.

Онҳо гуфтаанд, ки ба зидди шахсоне, ки шаҳрвандии Русия ё Украинаро доранд, парванда боз нахоҳад шуд, балки ин тасмим танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон равона шудааст.

Наздикони ду маҳбуси тоҷик, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанг дар Украина ҷалб шудаанд, гуфтаанд, бо онҳо намояндагони КДАМ дар вилояти Хатлон суҳбат кардаанд. Ба гуфтаашон, намояндагони мақомот аз онҳо мушаххасоти наздикони зиндонияшонро пурсидаанд.

“Гуфтанд, ки кай рафт, ҳоло дар куҷо аст, занг мезанад ё намезанад. Нагуфтанд, ки парванда мекунем, вале тамоми маълумотро дар борааш пурсида, навиштанд,” –гуфтааст яке аз онҳо.

Мақомот тасмими кушодани парвандаро алайҳи тоҷиконе, ки аз ҷониби Русия ё Украина ҷанг мекунанд, расман шарҳ намедиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун ошкоро дар мавриди ҳамлаи Русия ба Украина мавқеъгирӣ накардаанд, вале дар оғози ин ҷанг бидуни ном бурдан аз кишваре танҳо ҳушдор дода буданд, ки “иштирок дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ” ҷиноят аст.

Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби Украина ё Русия дар ҷанг иштирок мекунанд, маълум нест. То ин дам ҳалокати даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла маҳбусони тоҷик, дар ҷанг расонаӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи қонунгузории Тоҷикистон ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ҷиноят аст ва мақомоти Тоҷикистон ҳам чандин маротиба аз шаҳрвандони худ, махсусан муҳоҷирон талаб карданд, ки дар ҷанги давлатҳои дигар ширкат накунанд, чунки тибқи қонунгузории Тоҷикистон (моддаи 401. Зархаридӣ) он ҷиноят ҳисобида шуда, барои он аз 12 то 20 соли зиндон пешбинӣ гардидааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...