Душанбе. 11 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар шаҳри Душанбе сохтори нави СММ оид ба масоили баробарии гендерӣ ва зиёд намудани ҳуқуқу имконоти зан ба унвони СММ-занон, муаррифӣ шуд.
Дафтари минтақавии СММ-занон барномаи навро рӯзи шанбеи гузашта,9 апрел, дар боғи ботаникии шаҳри Душанбе дар сатҳи ҷумҳурӣ меаррифӣ кард.
Тавре ба «АП» дар намояндагии Дафтари рушди СММ оид ба масъалаи занон (UNIFEM) дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар маросими муаррифӣ муовини сарвазири кишвар Руқия Қурбонова,намояндаи доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Зуев, директори минтақавии барномаҳои дафтари СММ-занон барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёна Дамира Сартбаева ва инчунин намояндагони созмонҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва байналхалқӣ ширкат варзиданд.
Дар доираи муаррифӣ дар қатори баромади меҳмонони воломақом инчунин корҳои рассомони тоҷик, расмҳои кашидаи кӯдакон ба намоиш ва фурӯш гузошта шуда, баромади варзишгарони Федератсияи таэкван- до ва консерти гуруҳи «Шамс» ба маъзари тамошобинону иштирокдорон пешниҳод карда шуд.