Бузургтарин муҷҷасамаи Ленинро дар пойтахти вилояти Суғд мебардоранд. Рӯзҳои наздик ҳайкали Ленин ба боғи размандагони интернасионалист, воқеъ дар ғарби шаҳри Хуҷанд кӯчонда мешавад.
Тибқи маълумоти маъмурияти шаҳр, ҷойи ҳайкали Ленинро дар маркази шаҳр муҷҷасамаи поягузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ хоҳад гирифт.
Майдони номи Исмоили Сомониро мегирад. Дар ин ҷо боғ бо фавворҳо бунёд мешавад.