Душанбе. 11-уми май. Азия-Плюс — Дар вилояти Суғд арзиши равуо дар автобусҳои байнишаҳрӣ боло рафт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директории генералии Филиали Иттиҳодияи нақлиёти мусофиркаши ҶТ дар вилояти Суғд Абдуҷалил Бобоҷонов иттилоъ дод, болоравии нарх дар автобусҳои мусофиркаши Хуҷанд-Табошар аз 3,5 то 4 сомонӣ, Хуҷанд-Адрасмон, Хуҷанд-Зафаробод аз 6 то 7 сомонӣ ва Хуҷанд-Шаҳристон аз 9 то 10 сомонӣ боло рафтааст.
«Автобусҳои мазкур сӯзишвории дизелиро истифода мекунанд ва имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки нархи он аз 3,8 сомонӣ то ба 6-7 сомонӣ барои 1 литр боло рафтааст», – гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин гуфт, ин нархҳо бо иҷозати идораи зиддиинҳисории вилояти Суғд ҷорӣ карда шудаанд ва то кунун дар дигар хатсайрҳои байнишаҳрӣ болоравии нархи равуо ба мушоҳида нарасидааст.
Ёдрас мекунем, ки Иттиҳодияи мазкур соли 2010 ба фаъолият оғоз намуда, ба он 42 корхонаҳои машғул ба ҳамлу нақли мусофирон шомил мебошанд. Ба тавозуни иттиҳодия 13 вокзалу истгоҳҳо, 168 автобус, 3468 микроавтобу ва 213 таксиҳо дохил мешаванд.