Душанбе. 12-уми май. Азия-Плюс — Бозори арзони «Сомон», ки дар маҳаллаи Гипрозем вокеъ аст, баста мешавад.
Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, фардо, 13-уми майи соли ҷорӣ бозор бинобар мутобиқат накардан ба талаботи санитариву гигиенӣ ва хатари сӯхтор баста хоҳад шуд.
Ба гуфтаи сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, бозори мазкур пас аз қонеъ сохтани талаботи мақомоти дахлдор ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. «Ҳамзамон тибқи супориши раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, шахсони дахлдори мансабдор муваззаф шудаанд, ки ҷиҳати таъмини ҷойҳои корӣ ба фурӯшандагони бозори мазкур дар дигар бозорҳои пойтахт чораҳо андешанд», – афзуд Шавкат Саидов.