Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Чанде қабл боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб пурра ба ихтиёри Маркази кӯдакони дорои имкони маҳдуди ҷисмонии назди созмони ғайриҳукуматии маҳаллии «Заршедабону» вогузор гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори марказ Раъно Сафарова иттилоъ дод, дар ҳамдастӣ бо нахустин кӯдакистони хусусии «Меҳрона» дар ин ҷо як чорабинӣ бо иштироки тарбиятгирандагони марказ доир гардида, ҳадаф аз он – пешкаш ва собит сохтани қобилияти беандозаи ин кӯдакон аст, ки дар сурати бо машғулияти комил фаро гирифтан то чӣ андоза ба ҷамъият зарур буданашон воқеъан нишон дода шавад.
Ба қавли мавсуф, дар марказ 79 нафар кӯдакон бо тарбия фаро гирифта шуда, 29 нафар аз онҳо доимо дар марказанд ва бо боқимондагон дар маҳалли зисташон кор бурда мешавад. «Чанде қабл мо бо кӯдакон аз боғи ботаникии Кӯлоб, қалъаи қадимаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ ва боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе боздид кардем», – гуфт ӯ.
Директори марказ ҳамчунин гуфт, тамоми кор бо ин кӯдакон дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи «Ҳамгиройии кӯдакони дорои имкони маҳдуди ҷисмонӣ ба ҷомеаи кунунӣ» сурат гирифта, он бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, созмони байнулмилалии «Миссия Восток» ва созмони ғайриҳукуматии «Заршедабону» амалӣ мегардад.