Дар Тоҷикистон ҳамсола рӯзи 23-юми май ҳамчун рӯзи ҷавонон, ки наздик ба 70 фисади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати ин сана ҳафтае қабл бо қарори шаҳрдорӣ “Даҳ рӯзи ҷавонони шаҳр ” шурӯъ гардид ва барномаи Ҳафтаи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷамъомаду озмунҳо, намоишгоҳи осори наққошони ҷавон ва ҷашнвораи таронаҳои ҳарбӣ иборат буд.
Масъулин мегӯянд, ин чорабиниҳо бо як ҳадаф – боло бурдани маърифату маънавиёт ва ҳисси миллӣ созмон дода мешавад. Теъдоде аз ҷавонони тоҷик мегӯянд, агарчӣ баргузории чунин чорабиниҳо барои муттаҳидии насли ҷавон мусоидат мекунад, аммо наметавонад даҳҳо мушкилотро, ки домангири онҳост, ҳал бикунад.
Сӯҳбати сари роҳии мо ба бархе аз ҷавонони тоҷик нишон дод, ки онҳо аз чунин ҳафтаҳо на барномаҳои фарҳангӣ, балки роҳҳои кам кардани бекорӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии худро интизоранд. Онҳо мегӯянд,то ҳанӯз ҳам рӯзи бисёре аз ҷавонони тоҷик ё дар бозору сохтмонҳои Русияву Тоҷикистон ба хотири дарёфти қути лоямут шаб мешавад ва мушкилоти фаровон бисёре ҷавононро аз имкони таҳсил ва зиндагӣ бо аҳли оила маҳрум кардааст.
Ба гуфтаи ин мусоҳибони мо ҳарчанд ҳукумати кишвар то андозае, барои беҳбудии зиндагии ин қишри ҷомеа аз баъзе иқдомҳо кор мегирад, вале ҳаёти ҷавонону донишҷӯён беҳбудӣ мехоҳад. Нафаре агар боло бурдани идропулиро орзу кунад, нафари дигар мехоҳад барои донишҷӯён корҳое пешниҳод шавад, ки онҳо тавонанд ҳам таҳсил намоянд ва ҳам вазъи иқтисодии худро хубтар созанд. Дар ин радиф саввумӣ аз набуди тафреҳгоҳҳои махсус шикоят мекунад ва мегӯянд набудани чунин ҷойҳо барои ҷавонон имкони рушди фарҳангиву маънавиро барояшон гайриимкон месозад.
Аммо бо ин ҳама ҷавонони тоҷик таъкид бар он мекунанд, ки ҳозиранд барои рушди Тоҷикистон дар ҳама гуна соҳот саҳми худро бигзоранд.