Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Зимни машварати кории раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ эълон гардид, ки шурӯъ аз 1-уми июни соли ҷорӣ арзиши роҳкирои нақлиёти мусофиркаши шаҳри Душанбе боло меравад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов иттилоъ дод, ин тасмим бинобар боло рафтани нархи маводи сӯзишвориву қисмҳои эҳтиётӣ ва дар мувофиқа бо хадамоти зидиинҳисории кишвар пеш гирифта шудааст.
Ба қавли мавсуф, дар машварат ҳамчунин масоили ҳарчи бештар ғанисозии бозори истехмолии пойтахт низ баррасӣ шудаанд. «Раиси пойтахт ба хадамоти дахлдор супориш дод, ки аз болои масъалаи таъмини бозорҳои шаҳр бо гӯшти хушсифат ва фурӯши он бо нархи тавсияшуда – 23 сомонӣ барои як кило гӯшти гов ва 24 сомонӣ барои гӯшти гӯсфанд назорати қатъӣ баранд», – афзуд номбурда.