Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Бино ба маълумоти пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ба санаи 21-уми сентябри соли 2010 шумори аҳолии Тоҷикистон 7 млн. 565 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати барӯйхатгирии аҳолии Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ Зебо Исмоилова иттилоъ дод, айни замон дар вилояти Хатлон ба таври доимӣ 2 млн. 676 ҳазор, вилояти Суғд – 2 млн. 237 ҳазор, ноҳияҳои тобеи марказ – 1 млн. 722 ҳазор, ВМКБ – 206 ҳазор ва шаҳри Душанбе – 562 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад.
Зебо Исмоилова зикр намуд, ки нисбат ба маълумоти барӯйхатгирии аҳолии соли 2000-ум шумори аҳолии ҷумҳурӣ ба миқдори 1 млн. 438 ҳазор нафар ё худ 23% афзудааст. «Дар ин давра шумори аҳолии доимии пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ ба андозаи 29% (мутаносибан ба миқдори 162 ва 385 ҳазор нафар), вилояти Хатлон – 24% (526 ҳазор нафар) ва вилояти Суғд – 19% (365 ҳазор нафар) афзуда, шумори аҳолии ВМКБ ба миқдори 0,07% коҳиш ёфтааст.
Сарфи назар аз хурӯҷи аҳолии шаҳр ба хориҷи ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо соли 2000-ум, соли 2010 аҳолии шаҳр ба миқдори 379 ҳазор нафар ё худ 23,3% ва аҳолии деҳот ба миқдори 1059 ҳазор ё худ 23,5% бештар гардидааст.
Раванди шаҳрнишинӣ, ки то соли 200-ум дар кишвар босуръат ҷараён дошт, айни замон мӯътадил гардида, тибқи натоиҷи пешакии барӯйхатгирии соли 2010, таносуби аҳолии шаҳру деҳот мутаносибан 27 ва 73%-ро ташкил додаст.
Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки бино ба маълумоти баруйхатгирии мазкур, дар ҷумҳурӣ шумори мардон ба моҳи сентябри соли гузашта 3 млн. 813 ҳазор ва занон – 3 млн. 752 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. «Натоиҷи ниҳоии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ баргузор шуда буд, соли 2013 расман маърази умум қарор хоҳад гирифт», – афзуд Зебо Исмоилова.