Хуҷанд. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Дар ахлотпартои шаҳри Хуҷанд як миқдор маводи ғизоии арзиши умумиаш 115 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 25 ҳазор $), ки мӯҳлати истифодаашон гузашта буд, нобуд карда шуд.
Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд хабар доданд, ин миқдор маводи ғизоии нобудшуда аз 56 ҳазор адад консервахои моҳигӣ ва 1400 қуттӣ маснӯъоти қаннодӣ иборат буда, пас аз ташхис маълум шудааст, ки он корношоям буда, сифати паст дорад ва барои саломатии инсон зарарнок аст. «Мӯҳлати истифодаи ин миқдор маводи ғизоӣ ҳашт моҳ пеш ба охир расида буд», – гуфтанд дар марказ.
Ба иттилои манбаъ, тамоми маводи ғизоӣ дар ҳузури комиссияи махсуси иборат аз эпидемиолог, байтор, эколог ва гумрукчӣ нобуд карда шудааст. «Ба Марказ ва ҳамчунин телефони боварии он ҳамаи хоҳишмандон бо пешниҳодоти беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, сифати молҳо ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон муроҷиат карда метавонанд», – афзуд сарчашма.