Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Қабул ва амалисозии Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» собит сохт, ки он ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум ба таври назаррас мусоидат кард, – гуфт зимни сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Кумитаи дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов.
Ба қавли ӯ, қонуни мазкур ҳамчунин ба тарзи дурусти фарҳангӣ оростани маъракаҳо низ таъсири мусбат расонида, мардум мустақилона дарк намуд, ки он ба манфиату некӯаҳволии онҳост. «Амалисозии қонуни мазкур сол то сол ба сатҳи некӯаҳволии мардум беҳбуд бахшида, қабули он муҳиму саривақтӣ ва таҷрибаи мусбати андӯхта аз он барои аксари кишварҳои ҳамсоя метавонад намунаи хубе бошад», – афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» моҳи июни соли 2007 ба тасвиб расида, тибқи маълумоти Кумитаи дини ҷумҳурӣ, дар ин муддат сокинони кишвар дар натиҷаи худдорӣ аз хароҷоти беҳудаву зиёдатӣ ҳудуди 6 млрд. сомонӣ (1,3 млрд. $)-ро барои пешбурди рӯзгори худ сарфа кардаанд. Ба ҳисоби миёна соли 2010 арзиши умумии баргузории як расму оини маъмулӣ дар Тоҷикистон 2 ҳазору 655 сомонӣ (ҳудуди 550 $)-ро ташкил додаст.