Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» | — Имрӯз бо иштироки котиби аввали сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон Казя Харада ва раиси ноҳияи Айнӣ Рустам Раҳматов маросими пас аз таъмир мавриди истифода қарор гирифтани беморхонаи минтақавии №1-и ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ баргузор мешавад.
Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, корҳои таҷдиду таъмири беморхонаи мазкур дар доираи лоихаи минтақавии барқарор сохтани беморхонаи минтақавии №1-и ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ сурат гирифта, баҳри амалӣ сохтани он ҳукумати Ҷопон 89,5 ҳазор $ маблағ ҷудо кардааст.
Ба иттилои манбаъ, беморхонаи мазкур соли 1981 ба истифода дода шуда, ба ҷуз пешниҳоди хизматгузории тиббӣ ба аҳолии маҳаллӣ, муассисаи тиббии наздиктарин ба нақби «Истиқлол» ва яке аз қитъаҳои роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аст. «Дар ин беморхона ба ҷабрдидагони садамаҳои нақлиётӣ дар қитъаи роҳи мазкур кӯмаки аввалияи тиббӣ расонида мешавад», – афзуд сарчашма.