spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Боздиди намояндагони сохтори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ аз ИМА

Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар доираи табиқи барномаи «Ҷаҳони боз» ҳайати 30-нафараи Тоҷикистон, ки аз намояндагони сохторҳои давлатӣ ва созмону ҷамъиятҳои ҷомеаи шаҳрвандиӣ иборат буд, бо мақсади беҳбуди қобилияту малакаҳои худ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боздид намуд.

Зимни брифинги матбуотӣ ҳамоҳангсоз оид ба умури барномаҳои омӯзишии ИМА дар Тоҷикистон Шафоат Қобилова изҳор дошт, ки сафари ҳайат аз 12 то 24-уми майи соли ҷорӣ идома ёфта, ҳайат мутобиқи мавзӯъ ба гурӯҳҳои «Таҳкими худидоракунии маҳаллӣ», «Гуногунсозии бахши кишоварзӣ» ва «Туризми экологӣ» тақсим карда шуда буд. «Ҳар яке аз аъзои ҳайат бевосита бо тарзи ҳаёти воқеъии амрикоиҳо аз наздик ошно гардида, дар масоили гуногун бо онҳо табодули афкор намуд», – иброз дошт ӯ.

Шафоат Қобилова мегӯяд, Департаменти давлатии ИМА ҷиҳати рушди касбии хатмкунандагони барнома як қатор имконоту захираҳо пешниҳод менамояд. «Ба хатмкардагони барномаи «Ҷаҳони боз» соли дуввум аст, ки дар шакли қарзҳои хурд 125 ҳазор доллари ИМА (3-5 ҳазорӣ барои ҳар яке) ҷудо карда мешавад, то ки онҳо андешаву ниятҳои тозаи аз сафар ба ИМА ҳосилкардаашонро амалӣ созанд ва ин маблағҳо барои ҳалли мушкилоти глобалӣ пешбинӣ нагардида, танҳо тамоили иҷтимоӣ доранд», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки барномаи «Чаҳони боз» ягона барномаи табодул дар дохили риштаи қонунгузории ҳокимияти ИМА маҳсуб ёфта, ҳамасола аз ҷониби Когресси ИМА маблағгузорӣ мегардад. Барнома соли 1999 аз ҷониби Конгресси ИМА бо ташаббуси ду олими маъруф ва арбоби намоёни ҷамъиятӣ – академик Дмитрий Лихачёв ва директори китобхонаи Конгресси ИМА Ҷеймс Биллингтон таъсис дода шуд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...