Хуҷанд. 28-уми май. «Азия-Плюс» — | Раёсати корҳои дохилии вилояти Волгогради Русия ваъда кард, ки парвандаи собиқ муҳоҷири меҳнатии тоҷик, сокини шаҳри Хуҷанд Қаҳрамон Мӯсобоевро, ки қурбони ҳодисаи харидуфурӯши одамон шуда, дар ниҳояти кор ба маъюбӣ гирифтор гардид, мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.
Чи тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» бевосита ҷабрдида хабар дод, ба ӯ бо чунин мазмун бо имзои сардори ситоди Раёсати корҳои дохилии вилояти Волгоград В.Спитисин мактуб дастрас шудааст.
Қ.Мӯсобоев мегӯяд, соли 2004 корхонаи фаръии «Тоҷикхориҷакор»-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд барои кор дар вилояти Волгоград коргаронро интихоб ва сафарбар намудаст.
«Дар Волгорад шахси моро ҳамроҳикунанда маро аввал ба як фермер ва сипас ба фермери дигар бо фамилияи Богданенко ба ивази 2 ҳазор рубли русӣ супурд, ки баъдтар корманди милиса буданаш маълум шуд. Баъдтар моро ба фермерони дигар низ супурда, латкӯб мекарданд. Бо гузашти панҷ моҳ ман аз он ҷо гурехтам, вале шиносномаам дар дасти Богданенко боқӣ монд. Зимистон буд ва ҳарду пои маро хунук зад. Хушбахтона, шахсоне ёфт гардиданд, ки бепул маро то хона расониданд. Дар Хуҷанд шаш ҷарроҳӣ гузаронидам, вале дар ниҳояти кор лозим омад, ки пойҳоямро буранд. Баъд аз ин бо даъво нисбат ба «Тоҷикхориҷакор» ба додгоҳи вилояти Суғд муроҷиат кардам. Додгоҳ қарор кард, ки аз ин корхона барои расонидани зарари ҷисмонӣ ва маънавӣ ба фоидаи ман 8 ҳазор сомонӣ маблағ рӯёнида шавад, вале ман то ҳанӯз онро гирифта наметавонам», – мегӯяд собиқ муҳоҷири меҳнатӣ.
Мӯсобоев ҳамчунин афзуд, ки мукотибаи худро бо Раёсати корҳои дохилии вилояти Волгоград идома хоҳад дод.