Сӯзаниҳои пурнақшу нигор, куртаҳои чакан, даҳҳо намуди армуғонҳои миллии тоҷикӣ, кӯзаҳои сафол, намад ва ашёҳои намадӣ, ҷӯробҳои миллӣ, ҷавоҳироти нуқра ва мӯҳраву гарданбандҳо аз сангҳои гаронбаҳои кӯҳҳои осмонбӯси кишвар, намунаҳои маҳсули ҳунари косибони тоҷик буданд, ки дар намоишгоҳи баҳории ҳунармандон зери унвони «Ҳунар ва тиҷорати одилона» баргузор гашт. Ин чорабинӣ бо мусоидати ширкати итолиёвии CESVI ва дар ҳамкорӣ бо бунёди фарҳангии Бактрияву сафорати Амрико дар Тоҷикистон сурат гирифт.
Наргис Давлатова ҳамоҳангсози барномаҳои CESVI дар Тоҷикистон гуфт, дар намоишгоҳи мазкур ҳамчунин конфронси “Cавдои одилона”доир гардид,ки шаш коршиноси итолиёвӣ дар он ширкат доштаву ба ҳунармандони тоҷик мафҳуми савдои боадолатро шарҳ доданд. Ба гуфтаи хонум Наргис, яке аз ҳадафҳои баргузории чунин намоишгоҳ дар он буд, ки коршиносони итолиёвӣ баробари шинос шудан бо маҳсули ҳунари косибони тоҷик, беҳтаринҳоро ба бозори Аврупо пешниҳод кунанд.
Дар ин миён Мирзошоҳрух Асрорӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон, зимни кушоиши ин чорабинӣ гуфт, ҳукумати Тоҷикистон ба рушди ҳунарҳои дастиву мардумӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Бинобар ин соли 2008 ҳукумати кишвар барномаи давлатии рушди ҳунарҳои мардумиро қабул кард.
Мукарамма Қаюмова тарроҳи либос бар ин аст, ки бо ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни ҳунармандони тоҷик ва коршиносони итолиёвӣ метавон ҷойҳои бештари кории навро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овард ва ҳамчунин ба рушду эҳёи ҳунарҳои фаромӯшшудаи мардумӣ мусоидат намуд.
Ҳунармандони тоҷик, ки аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ҳузур доштанд, мегӯянд, баргузории чунин намоишгоҳ қабл аз ҳама ба занони хонашин муҳим аст. Зеро меафзоянд онҳо, маҳсули дастонашон на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ харидор пайдо хоҳад кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин мусоҳибонамон, ҳарчанд дар Тоҷикистон ҳунармандон хеле зиёданд, аммо ғолибан онҳо намедонанд маҳсулоти тавлидкардаи худро, ки аксаран нотакрор ва таҷассумгари фарҳанги бою рангини мардуми тоҷик аст, дар куҷо ба фурӯш гузоранд.