Душанбе. 31-уми май. TojNews – Мақомоти шаҳрдории Душанбе бо тасвиби як қарори иловагӣ ба Қарори пешин дар бораи боло бурдани арзиши роҳкиро дар нақлиёти истифодаи умум тағйирот ворид кард.
Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масъалаҳои хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ бо инобати аз 1-уми июни соли 2011 дар асоси хулосаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ мутобиқ ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №251 аз 24-уми майи соли 2011 «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шаҳри Душанбе» тарифҳои нав ҷорӣ гардидан бо иштироки раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаҳои коммуналии мусофиркашонӣ, кулли ҷамъиятҳои ба хизматрасонии хатсайрҳо дар шаҳр вобастабуда ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣҷаласаи кории шаҳрдорӣ доир гардид.
Ба гуфтаи манбаъ, Маҳмадсаид Убайдуллоев новобаста аз воқеияти реалии болоравии нарх дар бозори сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ бо назардошти баланд бардоштани сатҳ ва сифату фарҳанги хизматрасонӣ ба сокинон дар нақлиёти истифодаи умум ва дастгирии иҷтимоии мусофирон – аҳолии шаҳр зимни пажӯҳиши амиқи масъала муқаррар сохт, ки дар татбиқи нархномаҳои нави ҷоришаванда бо таҷдиди назар ба Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, ки аз 1-уми июни соли ҷорӣ амал хоҳад кард, тағйирот ворид карда шавад.
Таъкид гардид, ки ҷорӣ намудани дифференсатсия оид ба пардохти ҳаққи хизматрасонӣ дар хатсайрҳо бо инобати фосилаи истифодаи нақлиёт барои ҳимояи ҳуқуқи мусофирон ногузир мебошад.
Бо ин мақсад муқаррар шуд, ки аз 1-уми июни соли 2011 дар 10 хатсайри микроавтобусҳои №5, 11, 12, 21, 22, 24, 26, 34, 55 ва 67, ки масофаи хизматрасониашон то 9 километрро дар бар мегирад, роҳкиро бетағйир – 1 сомонӣ нигоҳ дошта шавад. Боқимонда 19 хатсайри микроавтобусҳои №1, 2, 4, 7, 8, 10, 13, 14, 15, 16, 17, 18, 19, 25, 28, 33, 44, 52, 54, ки масофаи хизматрасонияшон то 18 километрро дар бар мегирад, ба ду хатсайри алоҳида тақсим гардида, дар маҷмӯъ ба ҷои 19 хатсайр 38 хатсайри нав таъсис дода шавад ва фаъолияташон бо рақамгузории таври мисол 1 ва 1 «а» ва нархи хизматрасонӣ 80 дирам муқаррар карда шавад.
Дар автобусҳои хатсайри №3 «а», 11, 14, 20, 23, 26, 27, 30 нархи хизматрасонияшон бетағйир – 60 дирам боқӣ монда, хатсайрҳои №1, 2, 6, 7, 8, 8 «а», 13, 18, 28 ва 41 бо нархи 1 сомонию 20 дирам фаъолият хоҳанд кард.
Инчунин дар ҳама хатсайрҳои мусофиркашонӣ бо истифода аз микроавтобусҳою автобусҳо бо тарифи 1 сомонию 60 дирам ва 1 сомонию 20 дирам фаъолияташон чун «экспресс» ташкил карда шавад.
Дар ин зимн шаҳрдорӣ дастур фармуд, ки баҳри ҳимояи ҳуқуки мусофирон дар ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятӣ аз 1-уми июни соли 2011 фурӯши чиптаҳо зери масъулияти роҳбарони корхонаҳо ва ҷамъиятҳои ба мусофиркашонӣ машғулиятдошта ҷорӣ ва назорати қатъии ҷамъиятӣ аз болои фаъолияти тамоми хатсайрҳо таъмин карда шавад.
Барои таъмини иҷрои муқаррароти мазкур ситоди шаҳрӣ бо телефонҳои боварии шабонарӯзии 223-22-14, 221-26-95 ва 221-28-65 зери масъулият ва роҳбари муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе Абдулҳақ Оев таъсис дода шуд.
Зикр гардид, ки дар сурати нисбати дилхоҳ хатсайр оид ба риоя нагардидани сатҳ ва сифату фарҳанги хизматрасонӣ унвонии шаҳрдорӣ пайи ҳам 3 маротиба шикояти асоснок ворид гардидан, хатсайр аз ҷамъият ё корхонаи коммуналӣ гирифта шуда, ба дигар ширкати литсензияи фаъолиятдошта вобаста карда мешавад.
Ҳамзамон дар ҷаласа баҳри ташкили фаъолияти пурсамари субъектҳои хизматрасон дар радифи комиссияҳои депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе назорати ҷамъиятӣ дар таносуби хатсайрҳо тибқи дархости Раиси шаҳр дар асоси мувофиқа бо роҳбарони аввали сохторҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсии дар пойтахт фаъолиятдошта ба кумитаҳои шаҳрии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – Ҷамшед Саидов, Ҳизби демократи Тоҷикистон – Хайрулло Абдуллоев, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – Зариф Наимов, Ҳизби ислоҳоти иктисодии Тоҷикистон – Шамсиддин Ҷалолов ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – Субҳон Сафиалоев вобаста карда шуд.
Илова бар он, аз роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ хоҳиш карда шуд, ки радиоҳои «Азия-Плюс» ва «Ватан» назорати ҷамъиятии хатсайрҳои микроавтобусҳои сектори хусусӣ ва рӯзномаҳои «Вечерний Душанбе» ва «Вечёрка» хатсайрҳои хизматрасонии корхонаҳои коммуналии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва «Троллейбус»-ро таъмин намоянд.