Душанбе. 31-уми май. «Азия-Плюс» – | Додгоҳи Олии Тоҷикистон қарои шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсат (минбаъд – Донишгоҳ)-и шаҳри Хуҷанд дар бораи болоравии босуръати қимати таҳсилро беэътибор дониста, акнун донишгоҳро зарур аст, ки маблағи ба таври иловагӣ аз донишҷӯён ҷамъоварда барои анҷоми сохтмони бинои таълимиро, ки мухолифи шартнома миёни донишгоҳу дрнишҷӯён буд, ба онҳо бозпас баргардонад.
Мурофиаи судии мазкур муддати қариб ду сол идома ёфта, он бо ташаббуси донишҷӯйи соли 4-уми шӯъбаи ғоибонаи бахши ҳуқуқшиносии донишгоҳ Усмон Сиддиқов, ки аллакай донишгоҳро хатм кардааст, сурат гирифт.
Ба қавли номбурда, қарори шӯрои илмӣ ғайриқонунӣ ва бидуни мувофиқа бо донишҷӯён қабул гардида, шартнома бо донишҷӯён бевосита аз ҷониби донишгоҳ таҳия шудааст ва худи донишгоҳ дағалона онро вайрон карда, ба таври якҷониба қимати таҳсил барои донишҷӯёни солҳои дуввум-шашумро ба миқдори 100 ва барои донишҷӯёни соли 1-умро ба андозаи 200 доллари ИМА афзуд. Мутобиқи шартномаи бо донишҷӯён баимзорасида, «ворид сохтани тағйироту илова ва бекор сохтани шартнома метавонад танҳо бо розигии тарафайн анҷом пазирад. Ба таври якҷониба шартномаро танҳо дар он ҳолат метавон бекор кард, ки агар яке аз ҷонибҳо ӯҳдадориҳои шартномавиро ба иҷро нарасонад».
Моҳи феврали соли 2009 донишҷӯйи номбурда ба мақомоти додситонии вилояти Суғд ва додситонӣ дар навбати худ ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуд. Дар мурофиаи додгоҳӣ, ки 22-юми феврали ҳамон сол шурӯъ шуд, мақомоти додситонии вилоят даъво пеш овард, ки қарори шӯрои илмии донишгох беэътибор дониста шавад.
Намояндаи даъвогар – додситони мақомоти додситонии вилоят Завқиҷон Гиёев бар ин назар аст, ки бо ин амал талаботи Муқаррарот оид ба нархгузории арзиши аслӣ (кору хизматгузориҳо) дар ташкилоту корхонаҳо, ки аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шудааст, риоя нашудааст. «Чун Донишгоҳ муассисаи тиҷоратӣ нест, пас хароҷоти иҷрои корҳои сохтмонӣ набояд ба арзиши хизматгузориҳои ба донишҷӯён пешниҳодмешуда дохил карда шавад», – гуфт ӯ.
Моҳи майи соли 2009 додгоҳи шаҳри Хуҷанд қарори шӯрои илмии донишгоҳ дар бораи босуръат афзудани арзиши таҳсилро беэътибор донист, вале ба иҷрои ин қарор маъмурити донишгоҳ ҳеҷ шитобе надошт. Дар шарҳи масъалаи мазкур додраси додгоҳи шаҳри Хуҷанд Иноятулло Ғуломов чунин ибрози андеша намуд, ки дар моддаи 15-и Кодекси мурофиавии граждании ҶТ гуфта мешавад, ки «санадҳои судие, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бидуни истисно барои ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, бояд дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бемамоният иҷро карда шаванд». «Мутобиқи қисми дуввуми ин модда, иҷро накардани санади судӣ, ҳамчунин дигар зуҳуроти беэҳтиромӣ нисбат ба суд боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонун мегардад», – изҳор дошт додрас.
Пас аз дастрас кардани қарори додгоҳи шааҳрӣ, донишгоҳ аз болои он ба додгоҳи вилоят ва Додгоҳи Олӣ шикоят бурд, вале дар ҳама ҳолат қарори додгоҳҳои зинаи поёнии додгоҳӣ бетағйир боқӣ монда шуд. Ба қавли ҳуқуқшиноси донишгоҳ Гадойбой Аҳмедов, донишгоҳ акнун аз муроҷиат ба додгоҳ даст кашида, ба донишҷӯён маблағҳоро бозпас медиҳад. «Мувофиқи аризаҳо аллакай ба донишҷӯён маблағҳояшон бозпас дода мешавад. Бо ҳисоб ба қурби асъори миллӣ ба онҳо маблағи 100 ё 200 доллари ба таври иловагӣ пардохтаашон баргардонида мешавад. Бо донишҷӯёне, ки таҳсилро идома дода истодаанд, дубора ҳисоббаробарӣ карда мешавад», – афзуд номбурда.