Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — Дар рӯзи аввали ҷоришавии тарофаҳои нав ба қимати роҳкирои нақлиёти мусофиркаш дар пойтахт мусофирон ба як қатор мушкилот дучор шуданд.
Сардори Хадамоти давлатии назорат дар бахши нақлиёти шаҳри Душанбе Фирӯз Расулов сабаби ин ҳолатро чунин шарҳ дод: «Ҳамаи ин мушкилот бар асари шарҳи нодурусти қарори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҷониби ронандагон ба вуҷуд меояд».
Ба қавли Расулов, мусофиронро бештар масъалаи кам шудани масофаи ҳаракати нақлиёт ва аз ҷониби ронандагон эълон накардани нуқтаи охирини хатсайр ба ташвиш гузоштааст.
Ҳамчунин масъалаи аз ҷониби ронандагон ба додани бақия шитоб накардан низ яке аз масъъалаҳои рӯзмарра ба шумор меравад.
«Мутаассифона, дар арзу шикояти ба мо расида роҷеъ ба ин мушкилот рақамҳои нақлиёте, ки ронандагонаш ба чунин амалҳо роҳ додаанд, зикр наёфтаанд», – иброз дошт Ф.Расулов.
Номбурда аз мусофирони нақлиёти ҷамъиятии пойтахт даъват ба амал овард, ки ба ошкор сохтани ронандагоне, ки қимати роҳкироро беасос боло мебаранду худсарона ҳаракат дар хатсайрҳоро тағйир медиҳанд, фаъолона иштирок намоянд.