Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Бинобар нооромии вазъ дар Яман бо мусоидати намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав 54 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ду ҳавопаймои Вазорати ҳолаҳои фавқулоддаи Русия аз Яман ба Маскав оварда шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, ин шаҳрвандон муваққатан дар Яман кору зиндагӣ дошта, дар фурудгоҳи «Домодедово» онҳоро кормандони намояндагии дипломатии Тоҷикистон пешвоз гирифтаанд. «Чанде аз шаҳрвандони аз Яман бозгашта, худи ҳамон рӯз озими Душанбе гардида, қисмате дар Русия назди хешу ақрабо монданд», – гуфтанд дар сафоратхона.
Ба иттилоиманбаъ, бар асари бетартибиҳои оммавӣ, ки шурӯъ аз моҳи феврали соли ҷорӣ дар Яман идома дорад, ҳеҷ яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидааст.
Мухолифини ҳукумат истеъфои фаврии президенти Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳро, ки беш аз 30 сол ба кишвар сарварӣ мекунад, тақозо доранд.